Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси вилояти Фарғона зидди ҳиҷобу риш "ҷанг" эълон кард


Бахши узбекии Радиои Озодӣ навори садоиеро дастрас кард, ки дар он раиси вилояти Фарғонаи Узбекистон Шуҳрат Ғаниев ба зертобеонаш дастур медиҳад, маъракаеро зидди ҳиҷобу риш оғоз кунанд.

Ба гуфтаи манбаи бахши узбекии Радиои Озодӣ, навор дар ҷаласаи ахири Ғаниев сабт шудааст. Дар он раиси вилояти Фарғона аз мансабдорони ноҳияҳо талаб мекунад, ки дар бораи кори худ ҳисобот диҳанд.

Тавре дар навор шунида мешавад, мавзӯи асосии ҷаласа масоили марбут ба дин ва таҳсил аст.

"... 386 нафари онҳо нобакорони ришдоранд. Таҳқиқҳо нишон дод, ки бештар аз ҳама сокинони Қӯқанд, Фарғона ва Марғелон ба ришҳои худ аҳамият намедиҳанд. Ҳамчунин 851 зану духтари ҳиҷобпӯш сабт шудааст. Бо онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Дертар 300 тани онҳо симои зоҳирии худро тағйир доданд", - иттилоъ медиҳад раиси вилояти Фарғона.

Ҳамчунин дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидани 39 касе хабар дода мешавад, ки гӯиё бо таблиғи фаъолияти созмонҳои мамнӯи динӣ машғул буданд.

Раиси вилояти Фарғона ҳамчунин ёдовар мешавад, ки барои ташкили ҷойҳои намозхонӣ дар идораҳои давлатӣ қонунгузории Узбекистон ҷавобгарӣ пешбинӣ кардааст.

"Бинобар ин, раисони муҳтарами ноҳияҳо, агар ман дар ҷаласаҳои шумо зани ҳиҷобдореро бубинам, он рӯймолро гирифта, ба даҳонатон хоҳам андохт. Барои ман фарқ надорад, ки вай раиси маҳалла, омӯзгор, соҳибкор ё вакили маҷлиси маҳаллӣ аст", - таҳдид мекунад Ғаниев.

Шуҳрат Ғаниев бо дашному тундгӯиҳои худ машҳур аст. Радиои Озодӣ дар гузашта борҳо наворҳои садоиеро аз ҷараёни ҷаласаҳои ӯ нашр кардааст, ки зертобеони худро дашном медиҳад.

XS
SM
MD
LG