Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду пулис дар Русия баъди латту кӯби муҳоҷирони узбекистонӣ бе кор монданд


Дар шаҳри Балашихи вилояти Москваи Русия ду корманди пулисе аз кор ронда шуданд, ки муҳоҷирони узбекистонӣ аз тарси онҳо аз ошёнаи дувум ба замин парида буданд. Дар ин бора Татяна Петрова, сухангӯи раёсати корҳои дохилии вилояти Москва хабар дод.

"Ду корманди пулис ба хотири содир кардани ҷинояте, ки бадномсозандаи мақомоти корҳои дохилӣ аст, аз кор ронда шуданд ва ба ҷавобгарӣ ҷалб хоҳанд шуд",-гуфт вай. Роҳбари онҳо низ ба вазифаи пасттар таъйин шуда, 10 тани дигар аз кормандон танбеҳ гирифтаанд, хабар дод Петрова.

Шаби 20 сентябр дар шаҳри Балаших Дилшод Темиров ва Илҳом Холматов ҳамроҳ бо дӯстони дигарашон ба меҳмонии муҳоҷири қирғизистонӣ Элёрбек Умаров омаданд. Баъди чанде се марди рус бо либоси мулкӣ вориди манзили иҷораи онҳо шуданд ва ба лутту кӯб шуруъ карданд. Мардони воридшуда худро корманди милиса муаррифӣ ва маблағ талаб карданд. Ба гуфтаи муҳоҷирон, латту кӯб наздики 2 соат давом кард. Илҳом бо Дилшодбек маҷбур шуданд, аз ошёнаи дувум ба замин паранд.

Муҳоҷирони узбек як муддат дар ҳолати беҳушӣ қарор доштанд. Муҳоҷирони тоҷик онҳоро диданд ва ёрии таъҷилиро даъват карданд. Се корманди пулис мунтазири рафтани мошини ёрии таъҷилӣ шуда ва баъдан аз ҷои ҳодиса фирор карданд.

Муҳоҷирони узбек бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG