Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон таҳқиқи дубораи куштори журналист Алишер Соипов шурӯъ шуд


Алишер Соипов, журналисти маъруф дар 26-солагӣ кушта шуд
Алишер Соипов, журналисти маъруф дар 26-солагӣ кушта шуд

Мақомоти Қирғизистон ба таҳқиқи дубораи куштори журналисти мустақил Алишер Соипов шурӯъ карданд, ки 12 соли пеш дар шаҳри Ӯш мавриди ҳамлаи маргбор қарор гирифт. Бародари ӯ Шоҳрух Соипов рӯзи 3 октябр ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, ки додситонии кулли Қирғизистон дар посух ба созмони IFEX ё шабакаи байналмилалии дифоъ аз озодии баён, мақарраш дар Канада гуфт, ки таҳқиқи дубораи парвандаи журналист дар охири моҳи август аз нав шурӯъ шуд.

Шоҳрух Соипов гуфт, ки аз шунидани ин хабар бисёр хушҳол шуд, вале, ба назари ӯ, “пайдо кардани шахсияте, ки воқеан ҳам хостори куштори Алишер Соипов буд, имкон надорад”. Соипов гуфт, ки мақомот ба онҳо хабар доданд, ки ба таҳқиқи дубораи парвандаи бародари журналисташ пардохтаанд.

Шурӯи таҳқиқи дубораро ба Радиои Озодӣ дар идораи додситонии кулли Қирғизистон ҳам тасдиқ карданд.
Соипов муассис ва сардабири нашрияи “Сиёсат” 24 октябри соли 2007 дар маркази шаҳри Ӯш аз тири туфанг кушта шуд. Ӯ он замон инчунин барои Радиои Озодӣ ва Садои Амрико ҳам гузоришҳо медод.
Баъди куштори ӯ рӯзномаи узбекзабонаш, ки дар ҳудуди Қирғизистон ва Узбекистон паҳн мешуд, аз нашр бозмонд.

Соли 2010 додгоҳи Ӯш як сокини маҳаллӣ Абдулғаффор Расуловро дар куштори Соипов гунаҳгор ва ӯро ба 20 соли зиндон маҳкум кард.

Вале хешовандони Соипов аз болои ин ҳукм шикоят карданд. Онҳо гуфтанд, ки нақшаи куштори ӯ хеле хуб тарҳрезӣ шуда буд ва қотили воқеӣ бемуҷозот мемонад.

Соипов, ки миллаташ узбек буд, дар гузоришҳои худ дар бораи гурӯҳҳои ҷангии исломӣ ва мухолифон дар минтақа мақолаҳо менавишт. Ӯ инчунин соли 2005 дар бораи қатли эътирозгарон дар шаҳри Андиҷони Узбекистони ҳамсоя ҳам гузоришҳо нашр карда буд.

Соли 2012 вазорати дохилии Қирғизистон бар асоси куштори Соипов таҳқиқи тозае ба роҳ монд, вале ин таҳқиқ ҳам бо сабаби мушкили мушаххас кардани шахсиятҳои гумонбарони куштор ноком шуд.

XS
SM
MD
LG