Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситони кулли Украина: Дар бораи хилофкориҳои писари Байден хабар надорам


Ддодситони кулли Украина Руслан Рябошапка
Ддодситони кулли Украина Руслан Рябошапка

Додситони кулли Украина гуфт, ки дар бораи кадом фаъолияти ғайриқонунии писари собиқ муовини президенти ИМА Ҷо Байден хабаре надорад, вале гуфт, ки ҳоло додситонҳо чанд парвандаи махфӣ, аз ҷумла якеро, ки марбут ба макони кори Ҳантер Байден аст, таҳқиқ мекунанд.

Зимни сӯҳбат бо хабарнигорон дар Киев рӯзи 4 октябр додситони кулл Руслан Рябошапка гуфт, ки дар робита бо парвандаи марбут ба ширкати Burisma, ки соли 2014 Ҳантер Байденро ба кор гирифта буд, ҳеҷ як ҳуқуқшиноси хориҷӣ бо ӯ дар тамос нашудааст.

Сӯҳбати телефонии президенти ИМА Доналд Трамп ва президенти Украина Владимир Зеленский, ки дар ҷараёни он Трамп раҳбари Украинаро водор мекунад, ки аз паи таҳқиқи парвандаи писари Байден шавад, боиси шурӯи ҷараёни радди салоҳият ё импичменти президенти Амрико шуд.

Қонунгузорони амрикоӣ ин масъаларо мавриди таҳқиқ қарор додаанд, ки то куҷо Трамп мехоҳад аз роҳи фишор ба ҳукумати хориҷӣ дар роҳандозии таҳқиқи кори рақиби интихоботиаш манфиати хусусӣ бардорад.

Рябошапка ба саволи хабарнигорон дар бораи ин ки оё ӯ дар заминаи кадом хилофкориҳои писари Байден хабар дорад, гуфт, ки “ман чунин иттилое надорам”.

Ба савол дар бораи ин ки оё ҳуқуқшиноси хусусии ӯ Рудолф Ҷулинӣ бо ӯ дар тамос шуд ё на, додситони кулли Украина таъкид кард, ки ҳеҷ кас аз хориҷа бо ӯ дар тамос нашудааст ва гуфт, ки “додситонҳо аз сиёсат берун ҳастанд”.

XS
SM
MD
LG