Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ба таҳияи имлои нави забон то соли 2020 дастур дод. ВИДЕО


Акс аз маросими таҷлили "Рӯзи забон". 4 октябр 2019
Акс аз маросими таҷлили "Рӯзи забон". 4 октябр 2019

Дар маросиме ба ифтихори «Рӯзи забон» дар Тоҷикистон аз бесарусомонӣ ва дӯхурагиҳои ҷиддӣ дар имлои забони тоҷикӣ интиқод садо дод. Ин дар ҳолест, ки дар давраи истиқлолият ду дафъа имло тағйир дода шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон рӯзи 4-уми октябр дар мулоқоти худ ба муносибати ин рӯз, дар ҳузури забоншиносону аҳли зиё аз мушкилот дар қоидаи имлои забони тоҷикӣ гуфт ва аз саҳлангории ниҳодҳои илмӣ интиқод кард.

Александра чаро забони тоҷикӣ наомӯхт?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:30 0:00


Ӯ гуфт, возеҳу рӯшан набудани бандҳои қоидаи забон ва баҳсу мунозираҳо атрофи он ба сатҳи саводнокии мардум, ба вижа ҷавонон, таъсири манфӣ расонидааст. Аммо забоншиносон мегӯянд, мушкил дар он аст, ки ҳукумат, ба ҷуз шиор додан, иқдоми ҷиддие барои беҳбуди имлои забон ва куллан вазъи он анҷом намедиҳад.

Мушкил дар имло. Роҳи ҳал чист?

Борҳо қонун ва имлои забони тоҷикӣ дигар шуд, вале, ба гуфтаи забоншиносон, ҳанӯз ҳам мушкилу нофаҳмиҳои кам нашудааст.

Баҳриддин Камолиддинов, забоншинос ва донишманди тоҷик гуфт, баръакс, баҳсу мунозираҳои чанд соли ахир дар атрофи имлои забон мушкилро бештар кард.

«Шахсан ман ба имлои кӯҳна шинос будам. Акнун калимаи сӯҳбат ё мӯҳтарамро чӣ хел суҳбат ё муътабар, яъне бидуни ӯ (у-и дароз) гуям? Ман тарафдори онам, ки боз ба баъзе қоидаҳое, ки устувор шуда буд, баргардем”,--гуфт ӯ. Ҳамзамон ӯ ҳушдор дод, ки қоидаҳои сарфу наҳви забон набояд зуд зуд дигар карда шаванд, чун мардум фурсат пайдо намекунанд, ин тағйирҳоро ба хубӣ аз худ намоянд.

То соли 2020 имлои нави забон таҳия мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:30 0:00


Президент Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати «Рӯзи забон» дар Кохи Борбад таъкид кард, ки қоидаи имлои забони тоҷикӣ танҳо барои олимону донишмандон нест ва барои саводнок кардани мардум бояд ба ҳамаи қишр фаҳмо бошад.

Меҳроб Ҷумъаев, забоншиноси тоҷик мегӯяд, имло барои мактаббачагон ва оммаи мардум душворфаҳм аст. Ба гуфтаи ӯ, бояд комиссияи дахлдор роҳи ҳали мушкилро пайдо кунанд.

Дар ин мулоқоти президент ба тамоми сохторҳои масъули кишвар, аз ҷумла Кумитаи забон ва истилоҳот дастур дода шудааст, ки то моҳи январи соли 2020 “Қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ”-ро таҳия кунанд.

Чаро хориҷиён камтар забони тоҷикӣ меомӯзанд?

Зоҳиран, печидагиҳо дар имло, на танҳо барои шаҳрвандони кишвар, балки барои хориҷиёне, ки ҳаводори омӯхтани забони тоҷикӣ ҳастанд, ба монеа табдил ёфтааст. Мушкили дигари рушди забони тоҷикӣ, ба гуфтаи коршиносон ин аст, ки ҳанӯз ба забони русӣ бартарӣ дода мешавад.

Александра Бойкои 34-сола, ки баъд издивоҷ бо тоҷике панҷ сол қабл ба Тоҷикистон кӯч баст, мегӯяд, то ҳол зарурати омӯзиши забони давлатии тоҷикиро дар ин кишвар эҳсос накардааст.

Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки “шавҳараш ба хубӣ бо се забон–тоҷикӣ, узбекӣ ва русӣ сӯҳбат мекунад, вале ӯ танҳо забони русӣ ва узбекиро медонад.”

“Дар тӯли панҷ соле, ки дар Душанбе зиндагӣ мекунам, эҳсос кардам, ки ниёз ба омӯзиши забони тоҷикӣ зиёд нест. Ҳам дар мағозаву ҳам дар бозор ҳама бо ман бо забони русӣ сӯҳбат мекунанд. Фикр мекунам, барои омӯзиши забони тоҷикӣ асосан тасмими худи шахс муҳим аст, на шароити мавҷуда”,-- гуфт ӯ.

Тамара Анварова, сокини солхӯрдаи Душанбе аз падари худ забони тоҷикиро андаке омӯхтааст, аммо ин донишҳояш танҳо барои сӯҳбатҳои хонаводагӣ кифоя мебошад. Ӯ мегӯяд, қаблан дар барномаи таълимии мактабҳои русӣ ду соат дарси тоҷикӣ ҷой дода буданд, ки он ҳам бо далели камбуди муаллимон баргузор намешуд.

Аз донишҷӯ то мансабдор бо лаҳҷа сӯҳбат мекунанд”

Акбар Муродов, донишҷӯи бахши дувуми факултети нуҷумшиносии Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз он изҳори нигаронӣ кард, ки ҳарчанд меъёри забони давлатии Тоҷикистон забони адабӣ дониста шудааст, аммо дар муомила бо ҳамсабақон бештар аз гуфтори лаҳҷа истифода мекунанд.

Ӯ гуфт: “Мо дар Душанбе аз ҳама минтақаҳои Тоҷикистон барои таҳсил меоем. Ҳама бо лаҳҷаи худ гап мезананд. Дар бархе ҳолатҳо ман, ки зодаи шаҳри Истаравшан ҳастам, водор мешавам, мақсадамро ба ҳамсабақон бо мафҳумҳои маҳалли таваллуди онҳо бифаҳмонам. Гузашта аз ин, ҳарчанд аз қабули қонун даҳсолаҳо гузаштааст, аммо дар забони мардум ва расонаҳо калимаҳои зиёди русӣ ё арабиву узбекӣ шунида мешавад. Ҳарчанд забони давлатии Тоҷикистон забони адабии тоҷикӣ мебошад”.

Дар ҳамин ҳол Сайфиддин Мирзоев, роҳбари шӯъбаи забон дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи илмҳои Тоҷикистон бар ин аст, ки риоя нашудани меъёри забони давлатӣ, яъне, забони адабии тоҷикӣ, дар гуфтори сокинон нақзи қонун дониста мешавад. Ба қавли ӯ, истифода аз гӯйишҳои маҳаллӣ тибқи қонунгузорӣ манъ нест, аммо шеваҳои маҳаллӣ бояд танҳо дар сатҳи хонавода истифода шаванд.

Дар посух ба ин савол, ки чаро бархе аз мақомдорони баландпоя зимни суханрониҳо аз вожаҳои маҳаллӣ истифода мекунанд, Сайфиддин Мирзоев гуфт: “Тибқи қонунгузорӣ қабл аз таъйини нафаре ба мақоме сатҳи дониши забони давлатии вай пурсида мешавад. Аммо, мутаассифона, бархе аз онҳо бо роҳҳои гуногун соҳиби вазифа шудаанд ва дониши кофии забони давлатиро надоранд. Бо ин вуҷуд ҳар як мақомдор вазифадор аст куллия чорабиниҳои сатҳи ҳукуматиро бо риояи меъёрҳои қонуни забони давлатии тоҷикӣ баргузор кунад.”

Гулназар: “Забонро аз ҳараҷу мараҷ тоза шавад”

Қонуни забони тоҷикӣ дар пайи пофишориҳои бардавоми зиёиёни тоҷик 22-юми июли соли 1989 тасвиб шуда буд.

Дар ин муддат, имлои забони тоҷикӣ ду бор таҳрир хӯрд. Охирин қоидаи имлои забони тоҷикӣ соли 2011 аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ шуд.

Гулназар Келдӣ, шоир маъруфи тоҷик мегӯяд, то ҳанӯз дар имлои забон ва гуйиши мардум “ҳараҷу мараҷ” зиёд аст ва бояд забон аз ин ғалатҳо зудтар тоза шавад.

Ӯ гуфт: “Истифодаи калимаҳои ғалат зиёд аст. Ҳамин рӯз ҳам эрод гирифтанд, ки ибораҳои нодуруст хеле зиёд аст. Чанд бор инро ҳам гуфтанд, ки аз ҳамин ибораи «мо дар болои худ бояд кор кунем» зиёд истифода мекунем, вале ин чӣ маънӣ дорад? Ё масалан, мо мегӯем, ки дастаи "Лола" дар Қатар баромад кард. Баромад не, суханронӣ кард, бояд гуфт.”

Бархе аз забоншиносон мегӯянд, дар қабули қоидаи имло 8 сол пеш назари мардум ба инобат гирифта нашуд ва таҳқиқоте анҷом наёфт. Ин бор ба таъкиди онҳо бояд пешниҳодҳои мардум ҳам қабул ва баррасӣ шавад.

Ба гуфтаи бархе ҳам, иддае аз олимон ё донишмандони тоҷик бо нашри китоб мехоҳанд забони маҳалли худро ҳамчун забони асл муаррифӣ кунанд.

"Ҳар кас вақте як нашрия ташкил медиҳад ё ин ки китоб ба нашр мерасонад ё рӯзнома чоп мекунад ё дар радиову телевизион баромад мекунад, гумон мекунад, фикре ки ӯ баён мекунад ва забоне ки ӯ ҳарф мезанад, ҳамон аст забони модарӣ ва тоҷикӣ",-- мегӯяд Далер Шарифов, хабарнигори тоҷик.

Дастурдиҳии президент ба ислоҳи қоидаи имлои забони тоҷикӣ дар ҳолест, ки бархе аз забоншиносон мегӯянд, таҷдиди пайвастаи имло ба манфиати кор нест.

Баҳсҳо атрофи имлои забон ва пешниҳоду талошҳо барои ислоҳи он солҳо боз идома доранд. Ин кушишҳо аз он ҷо низ маншаъ мегиранд, ки дар матбуот шаклҳои гуногуни навишт ва истифодаи бемеъёри калимаҳо аз забонҳои дигар ба авҷи худ расид. Баҳсҳо атрофи истифодаи у-и дароз дар вожаҳои арабӣ ва бахусус пеш аз "ҳ" ва "ъ" ки тибқи қоидаи ахири имлои забон имконнопазир гашт, байни донишмандону забоншиносон ҳам зиёд шуд.

Дар ин байн баҳси номи забон, ки "тоҷикӣ" бошад ё "форсӣ" бар ҳамаи талошҳои ниҳодина кардани сарфу наҳви он бартарӣ меёбанд ва таваҷҷуҳро ба самти дигар мебаранд, ки бештар моли таъорих аст. Аз гуфтугӯҳои бахшида ба Рӯзи забон низ беш аз ҳама шиорҳое нақли қавл шуданд, ки ба номи забон марбутанд.

Қонуни забон дар Тоҷикистон нахуст рӯзи 22-юми июли соли 1989 тасвиб шуд ва таҳрири нави он аз тарафи порлумон 5-уми октябри соли 2009 сурат гирифта, «Рӯзи забони давлатӣ» низ аз 22-юми июл ба 5-уми октябр кӯчонда шуд.

XS
SM
MD
LG