Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳонконг эътироз бо ниқобро манъ кард


Ҳазорон сокини Ҳонконг ба хиёбонҳо рехтанд ва аз қарори манъ кардани ниқоб эътироз карданд. Дар ин бора ББС хабар додааст.

Аксари сокинон бо рӯйи пушида дар раҳпаймоиҳои эътирозӣ ширкат мекарданд. Аз 6-уми октябр бо рӯйи пушида ба хиёбон баромадан манъ аст.

Дар Ҳонконг пас аз ин ки як ходими пулис аз тири силоҳи эътирозгари 14 сола маҷрӯҳ шуд, бо қароре пушонидани рӯйро манъ карданд. Ходими пулис дар ҳолати вазнин дар беморхона қарор дорад.

Беш аз сад рӯз боз дар Ҳонконг мардум алайҳи ҳукумати Чин эътироз мекунанд.

Ширкатдорони эътироз талаби амалӣ кардани ислоҳоти демократиро доранд.

Сар аз соли 1997 ба ин тараф ин бадтарин буҳрони минтақаи нимамухтори таҳти роҳбарии Пекин аст. Бритониё дар соли 1997 Ҳонконгро ба ихтиёри Чин супурд.

Норозигии мардуми Ҳонконг баъди он сар зад, ки мақомот тасмим гирифтанд, қонуншиканон ва ҷинояткоронро ба Чин истирдод кунанд. Мунтақидон мегӯянд, мақомоти ду кишвар мумкин аст, аз лоиҳаи қонун сӯистифода кунанд ва дигарандешонро ба Чин истирдод намоянд.

Ҳонконг ҳеч гоҳ давлати мустақил набуд. Дар муддатҳои мухталиф он аз сӯи Чин, Бритониё, Ҷопон идора мешуд. Соли 1997 Ҳонконг ба ихтиёри Чин гузашт. Вале Ҳонконг аз худмухтории расмӣ ва ҳаққи интихоби мустақилонаи роҳбар бархӯрдор аст.

Чин ҳангоми қабули Ҳонконг аз Бритониё ваъда дод, ки ҳадди ақал тайи 50 соли оянда ҳуқуқҳои асосии инсонро дар ин минтақа ҳифз мекунад.

XS
SM
MD
LG