Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон хостори музокироти дубораи Амрико бо Толибон шуд


Акс аз ҷараёни яке аз музокираҳои Амрико бо гурӯҳи Толибон дар Қатар
Акс аз ҷараёни яке аз музокираҳои Амрико бо гурӯҳи Толибон дар Қатар

Покистон талош дорад то музокироти лағвшуда миёни ҳайати Амрико ва намояндагони Толибон дар Қатар аз сар гирифта шавад.

Ин талошҳо пас аз сафари ҳайати Толибон бо раҳбарии Мулло Абдулғанӣ Бародар ба Исломобод оғоз шуд.

Ин гурӯҳ рӯзи 3-уми октябр бо мақомҳои баландпояи Покистон дидору гуфтугӯ карданд.

Сафари ин ҳайат ба Исломобод ҳамзамон бо сафари Залмай Халилзод, намояндаи хоси Амрико барои сулҳ дар Афғонистон иттифоқ афтод.

Як мақомдори Покистон ба хабаргузории Ройтерс гуфтааст, ки Залмай Халилзод бо ин гурӯҳ дидори кутоҳе низ дошт.

Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷии Покистон гуфт, ки Толибон ба тавофуқи эҳтимолӣ, ки дар Қатар миёни онҳо ва Амрико имзо шуда буд, вафодор ҳастанд ва омодаанд, музокиротро давом диҳанд.

Аввали моҳи сентябр Доналд Трамп, президенти Амрико аз қатъи гуфтугӯ барои сулҳ дар Афғонистон бо Толибон хабар дод. То ин вақт намояндагони Амрико бо гурӯҳе аз Толибон барои сулҳ дар Афғонистон музокира мекарданд.

Музокира замоне қатъ шуд, ки Толибон дар ҳамлае 11 сокини одӣ ва як сарбози амрикоиро дар Афғонистон куштанд.

XS
SM
MD
LG