Тазоҳуроти хунин дар Бағдод ва чанд шаҳри дигари Ироқ вориди рӯзи шашум шуд.
Мақомоти Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди хушунатҳо дар ин кишвар изҳори таассуф карда ва хостаанд, ба он ҳарчи зуд поён дода шавад.
Намояндаи хоси дабири кулли Созмони Милал барои Ироқ Ҷанин Ҳеннис Пласшаерт дар "Твиттер" навишт, "кушта шудани инсонҳо дар ин ҷой таккондиҳанда аст."
Пеш аз ин Комиссияи ҳуқуқи башари порлумони Ироқ хабар дод, ки шумораи кушташудаҳо дар тазоҳуроти ахири ин кишвар ба 100 нафар расида ва беш аз 4 ҳазор тани дигар захмӣ шудаанд.
Ҳеннис Пласшаерт гуфт, афроде, ки дар хушунатҳо даст доранд, бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд ва тақозо намуд, ки рӯҳияи ваҳдат дар Ироқ ҳоким шавад.
Тазоҳурот дар робита бо бекорӣ ва хадамоти сусту нокофӣ рӯзи сешанбеи гузашта дар Ироқ оғоз шуд ва ба зудӣ ба як ҳаракати густарда барои хатми фасоди идорӣ ва ҳатто тағйири ҳукумат табдил ёфт.
Ин эътирозҳо дар Бағдод ва чанд шаҳри дигари Ироқ давом дорад ва ҳукумат дастрасӣ ба расонаҳои иҷтимоиро қатъ кардааст.
Муқтадо Садр, раҳбари шиаҳои Ироқ, хоҳони интихоботи пеш аз вақт шуда ва раҳбари дигари шиаҳои ироқӣ Оятуллоҳ Сиистонӣ гуфтааст, аз талаби эътирозгарон пуштибонӣ мекунад.
Қабл аз ин Одил Абдулмаҳдӣ, нахуствазири Ироқ гуфта буд, ба тақозоҳои қонунии эътирозгарон тавваҷуҳ хоҳад кард, вале ба қавли ӯ, мардуми Ироқ набояд интизори муъҷиза бошанд, ки ин мушкилот дар як лаҳза ҳал хоҳад шуд.