Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози ҳазорон нафар зидди нақшаи Зеленский дар Украина


Тазоҳуроти рӯзи 6-уми октябри 2019. Шаҳри Киев
Тазоҳуроти рӯзи 6-уми октябри 2019. Шаҳри Киев

Ҳазорҳо нафар дар Киев рӯзи 6-уми октябр зидди нақшаи президенти Украина Владимир Зеленский барои баргузории интихобот дар минтақаҳои зери назорати ҷудоиталабони таҳти ҳимояти Русия ба кӯчаҳо баромаданд. Онҳо ин нақшаро ҳамчун "таслим шудани Украина ба Русия" маҳкум карданд.

Украина ва Русия бо миёнравии Олмону Фаронса рӯзи 1-уми октябр созиши пешакӣ ё озмоиширо бо ҷудоиталабон дар бораи баргузории интихоботи маҳаллӣ дар шарқи Украина имзо карданд.

Зеленский ин тавофуқро "қадами зарурӣ" пеш аз баргузории нишасти раҳбарони Русияву Фаронса ва Олмон барои ба даст овардани сулҳ тавсиф намуд.

Рӯзи 6-уми октябр дар шаҳри Харков, шарқи Украина, ки зери назорати нерӯҳои давлатӣ аст, низ тақрибан 300 нафар дар назди бинои ҳукумат ҷамъ шуданд. Онҳо аз кормандони созмонҳои ҷамъиятӣ, фаъолон ва намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ иборат буданд.

Тақозои асосии онҳо ташкили ҷаласаи ғайринавбатии шӯрои вилоятии Харков аст, то шикояти расмии зидди нақшаи интихоботро омода кунад.

Раиси ҷумҳури Украина рӯзи 1-уми октябр розӣ шуд, ки дар қаламрави ду минтақаи шарқии ишғолшудаи ин кишвар интихоботи маҳаллӣ баргузор шавад. Ин ҳам пас аз он ки ҳама воҳидҳои мусаллаҳ ин минтақаро тарк кунанд ва назорати масофаи 400-километрии наздисарҳадӣ бо Русия аз нав ба даст оварда шавад.

Президенти Украина Владимир Зеленский рӯзи 1-уми октябр дар нишасте дар Киев гуфта буд, "дар зери мили яроқ интихобот баргузор карда намешавад ва нахоҳад шуд. Ҳеч гуна таслимшавӣ ҳам нахоҳад буд".

Минтақаҳои ишғолшуда пас аз баргузории интихоботе, ки аз тарафи САҲА озод ва одилона ҳисобида мешавад ва аз рӯи формулаи маъруф ба Штайнмайер, ки як ҷузъи харитаи роҳ барои ба даст овардани сулҳ аст, мақоми худидоракуниро соҳиб хоҳанд шуд.

Дар задухӯрди панҷсола байни ҷудоиталабон ва нерӯҳои давлатии Украина дар шарқи ин кишвар беш аз 13 ҳазор нафар кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG