Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду сарбози узбек дар пахтазор зери чархи трактор ҷон доданд


Ду сарбозе, ки барои пахтачинӣ ба ноҳияи Боёвути вилояти Сирдарёи Узбекистон сафарбар шуда буданд, 13 октябр зери чархи трактор монда, ҷон бохтанд. Онҳо аз вилояти Фарғонаи Узбекистон ба хидмати ҳарбӣ ҷалб шуда буданд.

Як масъули Раёсати тандурустии вилояти Сирдаё бо тасдиқи ин хабар гуфт, сарбозон дар натиҷаи як "ҳодисаи нохуш" ҷон бохтанд.

"Сарбозон, ки 20 солӣ доштанд, дар ҷӯйборе дар пахтазор хоб рафтаанд. Тракторе, ки пахта мекашонд, онҳоро пахш кардааст. Ҷавонон дар тан либоси низомӣ доштанд. Ин як ҳодисаи нохуше аст, ки касе онро пешгӯӣ карда наметавонист",-изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.

Сардухтури ноҳияи Боёвут Олим Бемуродов гуфт, аз рух додани ин ҳодисаи нохуш хабар дорад, вале масъули таъмини амнияти сарбозон табиби низомии ситоди пахтачинӣ аст. Ба гуфтаи сардухтур, ин бори аввал аст, ки дар мавсими имсолаи пахтачинии ноҳия касе ҷон медиҳад.

Дар бештари ноҳияҳои Узбекистон имсол мавсими ҷамъоварии пахта моҳи сентябр оғоз шуд. Расонаҳои хабарӣ бо вуҷуди ваъдаи мақомоти узбек, ки гуфтанд, ба меҳнати иҷборӣ роҳ нахоҳанд дод, аз иҷборан сафарбар шудани кормандони буҷавӣ ба пахтазорҳо хабар медиҳанд.

XS
SM
MD
LG