Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндон ба ҷои ҷарима. Ҷазо барои шиканҷа дар Тоҷикистон сахттар шуд


Ба дунболи интиқоди зиёд аз рафтори маъмурони амниятӣ ва милиса дар Тоҷикистон, вакилони мардумӣ ҷазо барои бадрафторӣ ва шиканҷа ба муттаҳамон ба ҷиноятро сахттар карданд. Баъди ислоҳи Кодекси ҷиноӣ, акнун онҳое, ки даст ба шиканҷа мезананд, аз 2 то 15 сол ба зиндон маҳкум мешаванд.

Порлумони Тоҷикистон рӯзи 16-уми октябр тағйироти пешниҳодшуда ба Кодекси ҷиноиро қабул кард. Мақомоти Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфтанд, ин тағйирот ба Кодекси ҷиноӣ бар асоси тавсияҳои Барномаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид ворид карда шудааст.

Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон, рӯзи 16-уми октябр дар ҷаласаи порлумон гуфт, "ҳар нафар, хоҳ намояндаи мақомоти давлатӣ ё ғайри он, даст ба шиканҷа мезанад, ҷазои сангин дар интизораш хоҳад буд". Ба ин тартиб, пардохти ҷарима аз Кодекси ҷиноӣ берун шуда, ба айбдоршавандаҳо маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.

Бар асоси тағйироте, ки ворид карда шуд, мақомдороне, ки даст ба ҷиноят мезананд, баъд аз адои ҳукми додгоҳ аз 10 то 15 сол ҳаққи фаъолият дар идораҳо ё муассисаҳоро надоранд. Ба гуфтаи вазири адлияи Тоҷикистон, ворид кардани тағйирот дар Кодекси ҷиноӣ як ҳушдор ба доираҳое мебошад, ки даст ба зӯроварӣ ва шиканҷа мезананд. Аммо коршиносон мегӯянд, дар зиндагии воқеӣ ин модда дар ҳолатҳои хеле кам татбиқ мешавад.

Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, ки ҳодисаҳои бадрафторӣ бо боздоштшудаҳову зиндониҳоро назорат мекунад, мегӯяд, дар солҳои 2011-2015 беш аз 200 ҳодисаи шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро сабт кардаанд. Бар асоси 16 парвандаи ҷиноӣ бо ёрии фаъолони ҳуқуқ 25 нафар ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд.

Дар гузориши Департаменти давлатии Амрико аз 13 марти соли ҷорӣ гуфта шудааст, бо ин ки Қонуни асосии Тоҷикистон истифодаи шиканҷаро манъ мекунад ва дар Кодекси ҷиноӣ моддаи ҷудогонаи ҷазо барои шиканҷа ворид шудааст, хабарҳои зиёде дар бораи шиканҷаву бадрафторӣ дар ҷараёни бозпурсиҳо нашр мешаванд.

Дар давоми шаш моҳи аввали соли 2018 ба номи Додситонии кулли Тоҷикистон 37 шикоят аз шиканҷа ворид шудааст, ки 16 ҳодисаро дар се моҳи аввали сол Эътилофи зидди шиканҷа сабт кардааст.

XS
SM
MD
LG