Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Конгресс хуруҷи сарбозони Амрикоро аз шимоли Сурия маҳкум кард


Палатаи намояндагони ИМА бо аксари оро қатъномаеро ба тасвиб расонд, ки бурунрафти нерӯҳои амрикоиро аз шимоли Сурия маҳкум мекунад. Низомиёни амрикоӣ бо дастури президенти ИМА Доналд Трамп шимоли Сурияро тарк карданд.

Дар қатънома, аз ҷумла омадааст, ки Туркия бояд амалиёти низомии худро дар шимоли Сурия қатъ кунад. Конгрессменҳо ҳамчунин аз Кохи Сафед даъват карданд, ки нақшаи маҳви гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" (ДИ)-ро пешниҳод кунад.

Тасмими Трампро барои берун бурдани сарбозони амрикоӣ аз шимоли Сурия ҳам намояндагони Ҳизби ҷумҳурихоҳ ва ҳам демократҳо танқид карданд. Қонунгузорҳои амрикоӣ нигаронанд, ки ҷангиён дар минтақа дубора фаъол хоҳанд шуд. Пентагон низ гуфта буд, ки хатари дубора фаъол шудани ДИ вуҷуд дорад.

Президенти ИМА дар як нишасти хабарӣ дар Вашингтон изҳори умед кард, ки Туркия ва Сурия мушкили ба миён омадаро худ ҳал хоҳанд кард. Трамп ҳамчунин гуфт, Вашингтон низ ба ҳалли ин масъала кумак мекунад. Ба гуфтаи Трамп, ӯ аз мулоқоти президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон ва муовини президенти ИМА Майк Пенс умеди зиёд дорад, ки қарор аст 17 октябр баргузор шавад. Трамп боз таҳдид кард, ки агар Эрдуғон ва Пенс ба созиш нарасанд, зидди Туркия таҳрим ҷорӣ мекунад.

Амалиёти низомии Туркия зидди гуруҳҳои курд дар шимоли Сурия 9 октябр оғоз шуд. Ин амали Анқараро дар Вашингтон танқид карданд, вале Трамп гуфт, ба он дахолат нахоҳад кард. ИМА аз курдҳо ба ҳайси ҳампаймони асосии худ дар мубориза бо ДИ ҳимоят мекунад.

XS
SM
MD
LG