Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси шаҳрванди Тоҷикистон барои захмӣ кардани як пулис дар Бошқирдистон


Додгоҳи олии Бошқирдистон як шаҳрванди 25-солаи Тоҷикикистонро ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир ва захмӣ кардани як корманди пулис, ба 15 сол зиндон маҳкум кардааст. Мақомоти додгоҳӣ номи ин шаҳрванди Тоҷикистонро ошкор накардаанд.

Расонаҳои Бошқирдистон рӯзи 16-уми октябр аз қавли масъулони додгоҳи минтақавӣ хабар додаанд, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли гузашта дар як махфигоҳи шаҳри Дюртюли маводи мухаддирро дар ҳаҷми калон нигоҳ медоштааст. Ин амали ӯ аз тарафи кормандони пулис таҳти назорат қарор доштааст.

Ба навиштаи расонаҳои русӣ, ин шаҳрванди Тоҷикистон дар вақти боздошташ бо зарбаи корд ба сина ва шиками корманди пулис задааст. Аз тарафи ҳамкори дигари пулис аз ин ҳамла ҷилавгирӣ шудааст.

Шаҳрванди Тоҷикистон дар вақти мурофиа қисман гуноҳи худро эътироф кардааст. Додгоҳи Бошқирдистон ӯро ба 15 сол маҳкум намудааст.

Ҳамасола даҳҳо нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздошт ва зиндонӣ мешаванд. Ҳоло дар зиндонҳои Русия чанд ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон давраи ҷазои худро сипарӣ мекунанд, ки шуморе аз онҳо ба қочоқи маводи мухаддир айбдор шудаанд.

XS
SM
MD
LG