Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бархе нерӯҳои ИМА эҳтимолан дар Сурия боқӣ мемонанд


Дар ИМА тарҳе дар ҳоли баррасӣ аст, ки бар асоси он, мумкин аст, қисме аз артиши амрикоӣ дар Сурия боқӣ монад. "Низомиҳои амрикоӣ чоҳҳои нафтеро ҳифз хоҳанд кард, ки эҳтимол дорад, аз сӯи ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ" ҳадаф қарор гиранд",-гуфт вазири мудофиаи ИМА Марк Эспер.

Вазир гуфт, ин тарҳ ҳоло дар марҳилаи ибтидоӣ қарор дорад ва ҳанӯз ба президент Доналд Трамп муаррифӣ нашудааст. Аммо Трамп рӯзи душанбе гуфта буд, ки ҳамаи низомиҳои амрикоӣ Сурияро тарк хоҳанд кард.

Бо ин вуҷуд вай ду нуқтаи зидду нақизро ҳам баён дошт: "бояд чоҳҳои нафт ҳифз шаванд" ва ба дархости Исроилу Урдун дар бораи боқӣ мондани артиши амрикоӣ дар қисме аз Сурия вокуниш нишон дод.

Доналд Трамп дар ду ҳафтаи пеш, баъд аз суҳбат бо президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон, дастури ихроҷи низомиҳои амрикоиро аз Сурия дод. Суҳбати ду президент як рӯз пеш аз шуруи амалиёти низомии Туркия дар шимоли Сурия баргузор шуда буд.

Ба гуфтаи Трамп, вай намехост, низомиҳои амрикоиро, ки дар шимоли Сурия мустақар буданд, дар хатар гузорад. Трамп гуфт, мумкин буд, онҳо ҳадафи ҳамлаҳои артиши Туркия қарор гиранд.

Наздики ҳазор низомии амрикоӣ бояд аз Сурия ба Ироқ интиқол ёбанд. Ин раванд ҳанӯз комилан иҷро нашудааст.

XS
SM
MD
LG