Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дипломати амрикоӣ дар Конгресс шоҳидӣ медиҳад


Вилям Тейлор
Вилям Тейлор

Азбаски таҳқиқи вобаста ба импичменти президент Доналд Трамп дар Конгресси Амрико аз як моҳ беш кашол меёбад, дипломати баландпояи ин кишвар дар Украина барои посухгӯӣ ба пурсишҳои қонунгузорон дар назди се кумита ҳозир мешавад.

Ин нишаст рӯзи 22-юми октябр пушти дарҳои баста баргузор мешавад. Интизор меравад, Вилям Тейлор, вакили муваққатии сафорати Амрико дар Киев, дар бораи ҳодисаҳои пас аз сӯҳбати телефонии президенти ИМА Трамп дар рӯзи 25-уми июл бо президенти Украина Владимир Зеленский ҷавоб диҳад.

Гуфта мешавад, дар он сӯҳбати телефонӣ Трамп хостааст, ки рақиби сиёсии ӯ Ҷо Байден ва писари ӯ Ҳантерро баррасӣ кунанд. Он вақт Трамп тақрибан 400 миллион доллар кумаки низомии Амрикоро ба Киев нигоҳ дошт ва ҳангоми занг аз Зеленский дархост кард, ки ҳизби демократиро дар сервери компютер таҳқиқ кунад, ки гузоришҳои расонаҳо бар он асос ёфтаанд.

Демократҳо мехоҳанд, дар бораи доду гирифти паёмҳои Тейлор дар моҳи сентябр бо Курт Волкер, намояндаи пешини Амрико дар корҳои Украина ва Гордон Сондланд, сафири кунунӣ дар Иттиҳоди Аврупо маълумоти бештаре ба даст оранд.

Бино ба гузоришҳо, он вақт Волкер ва Сондланд кӯшиш мекарданд, ки Зеленскийро ошкоро ба тафтишоти Ҷо Байден, номзад ба президентӣ ва ноиби раиси ҷумҳури пешини ИМА ва Ҳантер Байден, ки замоне узви ҳайати мудирони ширкати нафту газ дар Украина буд, водор кунанд.

XS
SM
MD
LG