Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оташбас дар Сурия поён меёбад. Эрдуғон бо Путин мулоқот кард


Раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва Владимир Путин, президенти Русия, рӯзи сешанбеи 22-юми октябр мулоқоту гуфтугӯ кардаанд. Меҳвари аслии ин гуфтугӯҳо қазия Сурия ва амалиёти низомии Туркия дар шимол-шарқи он кишвар будааст. Ин гуфтугӯ дар ҳоле сурат мегирад, ки оташбаси мавриди тавофуқи Анқара ва Вашингтон, имрӯз, сешанбеи 22-юми октябр ба поён мерасад.

Мулоқоти Путин ва Эрдуғон имрӯз, 22-юми октябр дар шаҳри соҳилии Сочӣ сурат гирифтааст. Ҷузъиёти ин гуфтугӯ то ба ҳол эълон нашудааст.

Мулоқоти Эрдуғон ва Путин дар ҳолест, ки имрӯз муҳлати оташбаси панҷрӯзаи тавофуқшуда миёни Анқара ва Вашингтон дар бораи Сурия ба поён мерасад. Панҷ рӯзи пеш Эрдуғон ва муовини раиси ҷумҳури Амрико дар мавриди оташбас дар шимол-шарқи Сурия ба созиш расида буданд.

Амалиёти Туркия дар хоки Сурия пас аз он оғоз шуд, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико эълон кард, ки нерӯҳои кишварашро аз шимол-шарқи Сурия хориҷ мекунад. Ин нерӯҳо то ҳанӯз монеи ҳамлаҳои густурдаи Туркия ба ниманизомиёни курд шуда буданд.

Пас аз эъломи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ, амалиёти низомии Туркия оғоз шуд. Ин амалиёт бо интиқодҳои мухталифе рӯбарӯ шудааст. Аммо Туркия онро "ҷанг бо терроризм" медонад. Анқара хостори таъсиси як "минтақаи амн" то 30-километрии дохили қаламрави Сурия аст, то нуфузи курдҳо дар марзҳои ҷанубии худро бигирад ва ҳамчунин муҳоҷирони суриягиро ба кишварашон бозгардонад.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон рӯзи душанбе гуфт, пас аз гуфтугӯ бо Владимир Путин даст ба иқдомоте хоҳад зад. "Мо дар мавриди раванди ҳодисаҳо бо оқои Путин гуфтугӯ мекунем ва баъд қадамҳои лозимро мебардорем".

Қаблан дафтари раёсати ҷумҳури Русия низ навишт, ки дар ин мулоқот ҷонибҳо бар "мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ ва тақвияти раванди суботи сиёсӣ дар Сурия", гуфтугӯ хоҳанд кард.

Пеш аз сафари Эрдуғон президенти Фаронса Эммануэл Макрон ва Путин масъалаи тамдиди хатми муваққатии ҷангро баррасӣ карданд. Макрон ба Путин, ки гуфт, ба сарбозонаш назорати қисматҳои шимолии Сурияро амр додааст, "аҳамияти тамдиди оташбаси феълӣ ва хатми бӯҳрон аз роҳҳои дипломатӣ"-ро таъкид кардааст.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон рӯзи якшанбе ҳушдор дода буд, ки амалиёти низомӣ дар сурати хориҷ нашудани ниманизомиёни курд аз минтақаи мавриди созиш миёни Анқара ва Вашингтон, дубора оғоз хоҳад шуд.

Нерӯҳои демократии Сурия, ки қувваи аслии онро ниманизомиёни курд ташкил медиҳанд, гуфтаанд, ки аз шаҳри марзии Раъс-ул-Айн хориҷ шудаанд. Раъс-ул-Айн аз муҳимтарин шаҳрҳое аст, ки дар ҷараёни амалиёти Туркия дар шимол-шарқи Сурия ҳадаф қарор гирифтааст.

Шарҳҳоро бинед

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG