Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бандӣ дар шарқи Украина. Тасвири фироқ ва ваҳшати азоби ӯ. ВИДЕО


Зане дар шарқи Украина. Акс аз бойгонӣ
Зане дар шарқи Украина. Акс аз бойгонӣ

Бо он ки Украинаву Русия масъалаи хатми муноқиша ва аз сар гирифтани музокироти сулҳро баррасӣ мекунанд, ҳазорон оила аз ҳам ҷудо мемонанд. Дар шарқи Украина, ки дар дасти ҷудоиталабон аст, садҳо нафарро бо иттиҳоми ҷосусӣ дастгир кардаанд. Далелҳои зиёди азобу шиканҷа ва кушта шудани онҳо ҳам вуҷуд дорад.

Ҳенрӣ Риҷвелл аз “Садои Амрико” бо аъзои хонаводаи як марде вохӯрд, ки ҷудоиталабон ӯро бурдаанд. Ҳамсари мард дарди фироқ ва ваҳшати азоби ҳамсарашро ба хабарнигор тасвир кард.

Ду сол боз аст, ки Светлана Тимофеева шавҳараш Александрро надидааст. Ӯ ҳар рӯз ба калисое дар канори Киев меравад ва аз Худо мехоҳад, шавҳарашро зинда баргардонад. Светланаву оилааш дар шаҳри Донетск зиндагии осудае доштанд. Александр мутахассиси корхонаи гӯшт буд.

Соли 2014 ҷанг оғоз шуд. Ҷудоиталабон Донетскро гирифтанд. Александрро аз ҷойи кор ба Киев фиристоданд. Рӯзи 26-уми декабри соли 2017 вақти бозгашти хонавода ба Донетск барои таътили зимистона ҷудоиталабон Александрро гирифта бурданд.

“Баъди ду рӯз таҳдид ба ман сар шуд. Ба ман занг зада мегуфтанд, ки 20 ҳазор доллар биёрам, дар акси ҳол шавҳарамро пора-пора мекунанд”, -- нақл кард Светлана Тимофеева.

Аммо Тимофеева мегӯяд, пуле надод ва фаҳмид, ки шавҳарашро дар пойгоҳи ҷудоиталабон нигаҳ медоранд: “Онҷо як корхонаи холӣ аст, ки мақомоти Ҷумҳурии мардумии Донетск ба урдугоҳи консентратсионӣ табдил додаанд. Мардумро ғайриқонунӣ нигаҳ медоранд, бераҳмона азоб медиҳанд. Шавҳари ман ҳам дар онҷо буд.”

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Тасвири фироқ ва ваҳшати азоби бандӣ дар шарқи Украина
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:23 0:00

Ба Светлана гуфтаанд, ки шавҳараш ба ҷосусӣ ба нафъи Украина муттаҳам мешавад. Иддаое, ки ба гуфтаи ӯ “пуч аст”. Баъди он ки фаҳмид, писарашро ҳам бурданианд, ба Донетск гурехтанд. Ҳоло ҳамроҳи модари пираш Людмила дар хонаи хурде дар канори Киев зиндагӣ мекунанд.

Моҳи гузашта Александрро ба 14 соли зиндон маҳкум карданд. Видеояш, ки ҳамин ҳафта дар Ютуб нашр шуд, ҳамсарашро ваҳшатзада кард. Лоғар шудаву дар рӯяш доғ дошт.

Дар видео Александр гӯё ҷосусӣ ба нафъи Украинаро эътироф мекунад. Вакилонаш мегӯянд, ӯро маҷбур кардаанд, варақеро бихонад, ки пеши камера гузоштаанд.

Чанд ҳафтаи пеш Украинаву Русия дар талош барои хатми ҷанг асиронашонро табодул карданд. Светлана тимофеева мегӯяд, “мутаассифона, бо гузашти ду сол ҳеҷ яке аз асиронеро, ки дар минтақаҳои ҷудоиталабон дар Донбасс дастгир шудаанд, раҳо накардаанд.”

Украина мекӯшанд, ҷанг тамом шавад. Дар ивази интихоботи озод ба минтақаҳои шарқӣ мухторияти бештар ваъда кардааст. Светлана мегӯяд, ҳеҷ гоҳ баргашта наметавонад: “Ин одамон, ки аз Путин хостанд, нерӯҳои мусаллаҳашро биёрад, маро бисёр азоб доданд. Онҳо ба рӯйи ману оилаву шавҳарам пой гузоштанд. Нерӯҳои мусаллаҳи Русияро онҷо оварданд. Ман онҷо як сол зиндагӣ кардам, ки ҷанг сар шуд. Нерӯҳои Русияро дидам. Дигар онҷо Донетски ман нест, сарзамини ман нест.”

Украинаву Русия ҳар навъ сулҳе ки накунанд, зиндагии бисёре аз осебдидагони ҷанг, дигар мисли пешина намешавад. Барои Светлана, ки далели зинда будани шавҳарро дид, умеде боқӣ мондааст. Вале ваҳшате, ки садҳо километр дур аз инҷо дар сарзаминаш дид, аз ёдаш намеравад.

XS
SM
MD
LG