Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мебоист Каримов сарнагун ва Мирзиёев кушта мешуд". Нақли маҳбусе, ки аз зиндон раҳо шуд


Аҳмад Алиев
Аҳмад Алиев

"Дар соли 2012 гуруҳе аз генералҳои Узбекистон нақшаи табаддулоти давлатӣ ва барканории президенти вақти кишвар Ислом Каримов ва ҷисман нобуд кардани сарвазири онвақта Шавкат Мирзиёевро омода карда буданд". Дар ин бора рӯзи 21-уми октябр дар нишасти хабарӣ дар меҳмонхонаи Le Grande Plaza дар Тошканд заргари машҳур ва раҳбари 53-солаи ширкати "Алиев Заргари" (Gold Center) Аҳмад Алиев хабар дод.

"Мансабдорони баландпоя ва ҳокимон сиёсати Шавкат Мирзиёевро баҳам мезананд. Вайрон кардани хонаҳо дар маркази Тошканд ва вилоятҳо намунаҳои мутакаббиронаи ин вайронгариест, ки ба зидди Мирзиёев равона карда шудааст", – изофа намуд ӯ дар идомаи суханронияш.

Аҳмад Алиев
Аҳмад Алиев

"Ман бо сабабҳои сиёсӣ зиндонӣ шуда будам"

Дар рафти нишасти хабарӣ Аҳмад Алиев изҳор дошт, ки қурбони таъқибҳои сиёсӣ шудааст.

"Маро бо ду сабаб зиндонӣ карданд – иқтисодӣ ва сиёсӣ. Фикр мекунам, сабаби иқтисодии ҳабси ман аз дастам гирифтани ширкат буд, ки дар маркази Тошканд таъсис дода будам. Вале ин сабаби дуюмдараҷа буд. Сабаби асосӣ интиқоми сиёсӣ буд. Дар солҳои 2011-2012 дар Узбекистон як табаддулоти давлатӣ дар ҳоли шаклгирӣ буд. Дар сурати иҷро шудани ин нақша президенти онвақта Ислом Абдуғаниевич Каримов мебоист аз қудрат дур карда мешуд ва Шавкат Мирзиёев, сарвазири онвақтаи кишвар бояд ҷисман аз байн бурда мешуд. Ман такрор мекунам, ӯро мехостанд, ҷисман аз байн баранд. Маро танҳо барои он зиндонӣ карданд, ки аз ин корҳо огоҳӣ ёфтам", – гуфт Аҳмад Алиев.

Вай изҳор дошт, ки "нақшаи ҷисман аз байн бурдани Шавкат Мирзиёев кори шахсии генерал Шуҳрат Ғуломов буд".

Дар ин нишасти хабарӣ Алиев Шуҳрат Ғуломов -- муовини пешини сардори Хадамоти амнияти миллии Узбекистонро "душмани халқ" номид.

Ёдовар мешавем, Додгоҳи ҳарбии Узбекистон генерали хадамоти амният Шуҳрат Ғуломовро дар соли 2017 ба ҳабси абад маҳкум кард. Ҳоло ӯ дар маҳбаси машҳури "Ёшлик" дар Қароқалпоқистон адои ҳукм мекунад.

Дар ин навор лаҳзае аз нишасти хабарии Аҳмад Алиев сабт шудааст:

«Золотой король»: Я стал жертвой тех, кто хотел свергнуть Каримова и убить Мирзияева
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:54 0:00

Дар як гуфтугӯи ҷудогона бо хабарнигори Бахши узбекии Радиои Озодӣ -- "Озодлик" -- Аҳмад Алиев​ дар мавриди омодагиҳо ба табаддулоти давлатӣ чунин гуфт:

"Агар хато накунам, одамонеро, ки суханони беасос мегӯянд, лаққӣ унвон мекунанд, не? Вале касонеро, ки ба ҳар сухани худ ҳуҷҷат доранд, ҳатман ҷиддӣ мегиранд. Биноан, ман ҳуҷҷатҳоеро дорам, ки ҳар як сухани имрӯз гуфтаи маро тасдиқ мекунанд."

Ба қавли Алиев, дар соли 2014 барои ӯ имконияте пеш омад, ки ин ҳуҷҷатҳоро ба раҳбарони кишвар, аз ҷумла Шавкат Мирзиёев дастрас кунад. "Он вақт Шуҳрат Ғуломов дар мақоми худ пойбарҷо буд, хоҳиш мекунам, дар назар бигиред", -- афзуд соҳибкор.

Ёдовар мешавем, моҳи октябри соли 2017 гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба озодии дин Аҳмад Шаҳид дар зиндони "Жаслик" бо Аҳмад Алиев дидор дошт. Ба қавли Сурат Икромов, роҳбари Ташаббуси гуруҳи ҳомиёни ҳуқуқи мустақили Узбекистон, он замон Алиев аз шиканҷа суҳбат кардааст. Баъд аз рафтани гузоришгари Созмони Милал мақомоти зиндон ӯро зери фишор қарор додаанд.

Нишасти хабарӣ дар меҳмонхонаи Le Grande Plaza
Нишасти хабарӣ дар меҳмонхонаи Le Grande Plaza

Чаро "шоҳи тиллоӣ" маҳз имрӯз гап зад?

Сардабири торнамои Asia-Terra Алексей Волосевич, ки дар нишасти хабарӣ ҳузур дошт, гуфт, ки дар суханҳои соҳибкори ҳеч чизи ғайритабииро намебинад. "Моҳи сентябр додгоҳ Алиевро аз зиндон озод кард. Даҳ рӯзе, ки барои қувваи қонунӣ гирифтани ҳукм зарур буд, гузашт. Имрӯз соҳибкор нишасти матбуотӣ баргузор кард. Ин паҳлӯи масъала фаҳмо аст. Аз тарафи дигар, "шоҳи тиллоӣ" умрбод аз Мирзиёев миннатдор аст, чун ӯро аз зиндони "Жаслик" озод кардааст", -- афзуд ӯ.

Ширкати Аҳмад Алиев
Ширкати Аҳмад Алиев

Аҳмад Алиев ва ҳамсараш соли 2012 боздошт шуданд. Додгоҳи шаҳри Тошканд соли 2013 Алиевро дар ташкили гуруҳи ҷиноӣ айбдор ва 20 сол зиндонӣ кард. Ҳамсари ӯ шартан аз озодӣ маҳрум шуда, 7 кормандаш низ равонаи зиндон шуда буданд.

Додгоҳи Тошканд моҳи сентябри соли 2019 парвандаи Алиевро бозбинӣ ва ӯро аз зиндон озод кард. ​

XS
SM
MD
LG