Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

КМИР-и Тоҷикистон "ғайриҳизбӣ" шуд


Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумон раис ва аъзоёни нави Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистонро тасдиқ кард. Ба фарқ аз интихоботҳои қаблӣ, ин бор на намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, балки афроди ба гуфтаи мақомот "беҳизб" шомили КМИР шуданд.

Раис, муовини ӯ ва панҷ узви Комиссияи марказии интихоботро президент Эмомалӣ Раҳмон ба порлумон пешниҳод кардааст.

Маҷлиси намояндагон рӯзи 25-уми октябр дар як ҷаласа Бахтиёр Худоёрзода, собиқ роҳбари дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳуро дубора ба унвони раиси КМИР тасдиқ кард. Оқои Худоёрзода аз соли 2016 боз дар ин мақом аст.

Муовин ва панҷ узви КМИР асосан аз ҳисоби афроди мақомдор интихоб шудаанд. Аз ҷумла Абдуҷаббор Қодирзода, муовини аввали раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ акнун муовини раиси КМИР аст.

Махфират Хидирзода, муовини аввали раиси вилояти Хатлон, Носирҷон Салимӣ, директори Инситути забон ва адабиёти Академияи илмҳо, Наврӯз Самадзода, роҳбари дастгоҳи КМИР, Муистон Азизова, собиқ роҳбари ҲХДТ дар Турсунзода ва ҷомеашинос Юсуф Шодмонбеков панҷ узви КМИР мебошанд.

Аъзоёни Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар гузашта аз ҳисоби намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ иборат буд. Аммо бар асоси як тағйирот ба қонун дар тобистони имсол, минбаъд афроди беҳизб шомили КМИР мешаванд.

Мунаққидон пештар гуфтанд, аз ҳайати комиссияи интихоботӣ берун шудани аъзои ҳизбҳои сиёсӣ шаффофият ва беғазарии кори аъзои комиссиюнро зери суол мебарад, чун дар гузашта ҳеҷ як интихобот дар Тоҷикистон мутобиқ ба меъёрҳои демократӣ арзёбӣ нашудааст. Аммо муалифони тасмим мегӯянд, чунин тасмим мутобиқ ба талаботи созмонҳои байналмилалӣ, мисли САҲА мебошад.

Қарор аст соли оянда дар Тоҷикистон ду интихобот-порлумонӣ ва президентӣ баргузор шавад.

Раиси Комиссияи марказии интихобот, муовини ӯ ва панҷ узви КМИР аз будҷаи кишвар маош хоҳанд гирифт. То ин вақт ин вазифаҳо ҷамъиятӣ буданд.

XS
SM
MD
LG