Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи Сафорати Амрико аз ҳалли нисбии мушкили Радиои Озодӣ


Сафорати Амрико дар Тоҷикистон аз тамдиди муҳлати аккредитатсияи ҳафт хабарнигори Радиои Озодӣ истиқбол кардааст.

Дафтари матбуотии Сафорати ИМА бо пахши як иттилоия гуфт, "бесаброна" мунтазири пурра фаъол будани Радиои Озодӣ ҳастанд.

Чун ба гуфтаи масъулони Сафорати Амрико, "рушди дарозмуддат, амният ва субот дар Тоҷикистон аз ҳифзи озодии сухан, озодии матбуот ва ҳуқуқи рӯзноманигорон бидуни тарси сензура ё интиқом вобастагӣ дорад."

Рӯзи 31-уми октябр Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон муҳлати аккредитатсия ё парвонаи кори 7 хабарнигори Радиои Озодиро тамдид кард. Аммо пас аз ин низ 8 корманди дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе ҳамчунон мунтазирии баррасии дархосташон барои гирифтани аккредитатсия мебошанд.

Қаблан аъзои Сенат, палатаи болоии порлумони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ду узви Конгресси Амрико аз мақомоти Тоҷикистон даъват карданд, ки масъалаи додани иҷозатномаи кор ба кормандони Бахши тоҷикии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар Душанберо бар асоси қонунҳои дохилӣ ва конвенсияҳои байналмилалӣ баррасӣ ва ҳал кунанд.

XS
SM
MD
LG