Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон: "Касоне қасд доранд эътирозҳои Ироқро ба Эрон бикашонанд"


Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия авохири ҳафтаи гузашта гуфт, ба тахмини ӯ, касоне, ки дар пушти эътирозҳои Ироқ ҳастанд, эҳтимолан қасд доранд ин эътирозҳоро ба Эрон бикашонанд.

Вай бо ишора ба шиорҳои зиддиэронӣ дар минтақаҳои асосан шианишин ва ҳамла ба консулгарии Эрон ба Карбало изҳор дошт, "пушти ин талотуми эътирозҳои Ироқ чӣ касоне истодааст? Мо ҳадс мезанем, ки ин эътирозҳо аз сӯи афроде роҳандозӣ шудаанд ва ин иқдомотро идома медиҳанд ва ҳатто таҳлиламон ин аст, ки барнома доранд эътирозҳои Ироқро ба Эрон бикашонанд".

Раиси ҷумҳури Туркия сипас таъкид кард, ки сабаби "доман задан ба бӯҳрони Ироқ", дар воқеъ "эҷоди ихтилоф ва тикаву пора кардани ҷаҳони ислом" аст.

Эътирозҳои Ироқ аз авоили моҳи октябор дар эътироз ба фасоди давлатӣ ва бекорӣ оғоз шуд ва то кунун беш аз 300 нафар ҷон бохтанд. Дар ин ҳол, Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон ин эътирозҳоро "тавтеаи душман" номидааст.

Эрдуғон ҳамчунин аз мавзеи Эрон дар робита ба амалиёти артиши Туркия дар шимол-шарқи Сурия интиқод кард ва гуфт, дар ҳоле, ки ахиран раиси иқлими Курдистони Ироқ "суханони мусбате" дар робита ба ин амалиёт гуфтааст, "аммо Эрон мавзеи манфӣ гирифта ва алайҳи сиёсати Туркия ҳарф мезанад".

Ишораи вай ба изҳороти рӯзи чаҳоршанбеи гузаштаи Начирон Боризонӣ аст, ки дар расонаҳои Курдистони Ироқ нашр шуд. Оқои Боризонӣ гуфта буд, "аз аввал ба курдҳои Сурия гуфта будем, ки аз Ҳизби коргарони Курдистон дурӣ биҷӯянд".

Ба гуфтаи раиси иқлими Курдистони Ироқ, "мушкили Туркия курдҳои Сурия набуданд, балки Ҳизби коргарони Курдистон буд ва мо ҳамеша талош кардем дӯстони курди суриягии худро аз ин хатар огоҳ кунем".

Туркия ниманизомиёни курди Сурияро шохае аз Ҳизби коргарони Курдистон медонад ва моҳи гузашта амалиётеро барои поксозии минтақаҳои марзӣ аз курдҳои ниманизомии Сурия оғоз кард.

Дар пай Туркия бо Русия ва Амрико барои эҷоди "минтақаи амн" дар минтақаҳои марзӣ бо Сурия созиш кард, то ҳамаи низомиёи курди Сурияро аз марзҳои худ дур нигаҳ дорад ва ҳам замина барои ҷой додани як то ду миллион паноҳандаи суриягӣ дар ин минтақа фароҳам шавад.

Эрон аз оғоз амалиёти низомии Туркия дар шимоли Сурия мухолифи он буд, ки ин амр ба вокуниш тунди Анқара рӯбарӯ шуд.

Раиси ҷумҳури Туркия ҳамчунин дар идомаи изҳороти рӯзи ҷумъаи худ хотирнишон сохт, ки то вақте, ки "хатари террорисҳо дар марзҳои Туркия аст, артиши ин кишвар аз ҳеҷ гоҳ ақибнишинӣ нахоҳад кард".

Вай гуфт, "мо як давлат ҳастем, ин ҳама сармоягузорӣ барои қудратманд кардани артиш барои чист? Магар барои ҳифзи амнияти Туркия нест? Мо аз ҳеҷ иқдоме барои амн нигаҳ доштани худ ақибнишинӣ нахоҳем кард".

Оқои Эрдуғон дар ниҳоят гуфт, "мо бо Сурия 911 километр марз дорем. На Эрон, на Русия ва на Амрико марзе бо Сурия надоранд ва хатаре мутаваҷҷеҳи онҳо нест. Бинобар ин, то нобудии охирин террорист, иқдомоти низомии Туркия идома хоҳад дошт".

XS
SM
MD
LG