Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҷумҳури Боливия аз мақомаш истеъфо дод. ВИДЕО


Эво Моралес
Эво Моралес

Раиси ҷумҳури Боливия Иво Моралес гуфт, ки барои роҳ надодан ба идомаи хушунат дар кишвараш истеъфо медиҳад. Ин кишвар дар Амрикои ҷанубӣ аз замони интихоботи ҷанҷолӣ дар моҳи октябр ба бӯҳрони сиёсӣ гирифтор шудааст.

Се ҳафта аст, ки мухолифони ҳукумат ба зидди ӯ эътироз доранд ва тазоҳурот ба хушунат печидааст. Бӯҳрон бо дахолати нерӯҳои мусаллаҳ роҳи ҳал пайдо кард.

Фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Боливия гуфт, истеъфои Моралес ба бозгашти назму субот кумак мекунад. Вилям Калиман гуфт: "Баъд аз таҳқиқи вазъи дохилӣ мо аз президент хоҳиш мекунем, аз салоҳиятҳояш даст кашад. Ин амал ба эҳёи назму субот кумак карда, ба нафъи тамоми мардуми Боливия аст."

Моралес маҷбур шуд, пешниҳоди низомиёнро қабул кунад. Вай гуфт: "Бародарону хоҳарон, тамоми мардуми олам! Мехоҳам ба Шумо расонам, ки баъди машварат бо дӯстон ва калисои католикӣ, тасмим гирифтам, истеъфо диҳам."

Президент Эво Моралес баъди 14 соли раёсатҷумҳурӣ барканор мешавад.

Президенти Боливия зери фишор ба истеъфо ризоят дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:51 0:00

Дар интихоботи 20-уми октябр Моралес бо 47 дар сади раъй дар ҷойи аввал ва рақибаш Карлос Месса бо 36,5 дар сади овозҳо дар ҷойи дуюм қарор гирифтанд. Аммо Моралес ҳақ надошт, бори чаҳорум барои курсии раёсатҷумҳурӣ талош варзад.

Мухолифини ҳукумат натиҷаи интихоботро эътироф накарда, ба нишони эътироз ба кӯчаҳо баромаданд. Дар натиҷаи бархӯрди тазоҳургарон бо маъмурони пулис дар шаҳрҳои гуногун се нафар кушта шуданд.

Созмони Кишварҳои Амрико, ки интихоботи рӯзи 20-уми октябрро назорат кардааст, хост, натиҷаи интихобот аз эътибор соқит шавад, зеро ба гуфтаи созмон дар низоми овоздиҳии Боливия "авомфиребии возеҳ" ҷой дошт.

XS
SM
MD
LG