Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулҷамъкунӣ аз буҷавиҳои Туркманистон барои Рӯзи бетарафӣ


Кормандони муассисаҳои давлатии Туркманистонро вазифадор карданд, ки барои ҷашни Бетарафии Давлатӣ маблағ ҷамъ оваранд.

"Дар муассисаҳои тиббӣ, мактабҳо, боғчаҳо пулҷамъкунӣ шуруъ шудааст. Фаразан маоши ҳамшираҳои шавқат 1000 манат бошад, аз онҳо талаб мешавад, ки 2000 манат ҷамъ оранд. Кормандони боғча, ки маошашон 600 манат аст, аз онҳо талаб шудааст, ки 1000 манат пардохт кунанд. Ҳама ҷо ҳар гуна аст",-гуфт хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ.

Бонки марказии Туркманистон арзиши 1 доллари ИМА-ро 3,5 манат муқаррар кардааст. Маоши миёна дар он кишвар аз рӯи қурби расмӣ 228 долларро ташкил медиҳад.

Кормандони муассисаҳои давлатӣ хабар доданд, ки бахшида ба рӯзи ҷашн дар кишвар мусобиқаи дучархаронӣ баргузор мешавад. "Мегӯянд, бояд дучархаҳои нав харида шавад ва ҷашн дар сатҳи зарурӣ баргузор гардад",-гуфт як корманди муассисаи давлатӣ дар суҳбат бо хабарнигор.

Дар Туркманистон Рӯзи бетарафӣ 12 декабр таҷлил мешавад. Аммо барои ҷашнҳо, аз ҷумла харидани дучарха дар он кишвар дар сол чанд маротиба аз кормандони буҷавӣ маблағ ҷамъ меоранд.

Бори охир дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дар вилоятҳои Марӣ ва Лебап аз кормандони буҷавӣ барои харидани дучарха маблағ ҷамъ оварда буданд.

XS
SM
MD
LG