Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷудо кардани $300 млн барои таъмири маҷмааи мушакии ба номи Назарбоев


Аскар Мамин, сарвазири Қазоқистон дар ҷаласае дар шаҳри Нурсултони он кишвар гуфт, барои рушди маҷмааи мушакии муштараки Русияву Қазоқистон "Байтерек" 300 миллион доллар ҷудо хоҳад шуд. Моҳи сентябри имсол расонаҳои Русия хабар доданд, ки маҷмааи мазкур ба номи президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев гузошта шудааст.

"Моҳи апрели соли ҷорӣ дар доираи мулоқоти президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев бо ҳамтои русаш Владимир Путин ҷонибҳо ба хулоса расиданд, ки амалисозии тарҳи густарда дар Байконур - маҷмааи мушакии "Байтерек" муштаракан ба роҳ монда шавад",-нақли қавл кардааст хабаргузории "Интерфакс" аз Аскар Мамин.

Мамин муҳлати амалисозии тарҳро ошкор накард, аммо ба гуфтаи вай, корҳои сохтмонӣ ба зудӣ шуруъ мешаванд. Ба навиштаи "Интерфакс", бо ташаббуси Русия тарҳ номи "Оғози Назарбоев"-ро хоҳад гирифт.

Моҳи сентябри соли ҷорӣ президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба пешниҳоди президенти Русия Владимир Путин розӣ шуд, ки маҷмааи мушакии "Байтерек" ба "Назарбоев" табдили ном кунад.

Назарбоев ҳанӯз дар замони побарҷоии Иттиҳоди Шӯравӣ - дар соли 1991 - сари қудрат омада, танҳо баҳори имсол аз мақоми президентӣ истеъфо дод. Ҳомиёни ҳуқуқ ва мунаққидон борҳо изҳор доштанд, ки Назарбоев дигарандешонро таҳаммул надорад ва озодиҳову ҳуқуқҳои сокинонро маҳдуд мекунад.

XS
SM
MD
LG