Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳои гуногун ба раҳоии се раҳбари Толибон аз зиндоне дар Афғонистон


Се узви баландпояи "Шабакаи Ҳаққонӣ" -- шохае аз гурӯҳи тундрави Толибон, аз зиндоне дар Афғонистон раҳо шудаанд. Сафорати Амрико дар Кобул аз ин тасмими ҳукумати Афғонистон истиқбол кардааст. Шуморе аз сиёсатмадорони афғон ва ҳамин тавр корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз раҳоии ин раҳбарони Толибон интиқод кардаанд. Сокинон "Шабакаи Ҳаққонӣ"-ро омили хунбортарин ҳамлаҳо дар Афғонистон медонанд.

Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон рӯзи 12-уми ноябр эълон кард, ки ин се фард дар ивази раҳоии ду устоди Донишгоҳи амрикоии Кобул, озод мешаванд. Ин ду устоди Донишгоҳи амрикоӣ дар соли 2016 аз сӯи Толибон рабуда шуда буданд.

Манобеъ шаби гузашта таъйид карданд, ки Анас Ҳаққонӣ ва ду ҳамроҳаш аз зиндони Багром озод шуданд. Ин манбаъҳо ба шарти ошкор нашудани номашон ба Радиои Афғонистони Озод гуфтаанд, ин се зиндонӣ аз маҳбаси Багром берун оварда шуда ва ба маҳали номаълум интиқол ёфтанд. Аммо бархе расонаҳо хабар доданд, ки ин се зиндонӣ роҳии Давҳа -- пойтахти Қатар шудаанд.

То замони таҳияи ин гузориш Донишгоҳи амрикоии Афғонистон дар бораи раҳоии устодонаш иттилое ба нашр нарасонидааст. Ин ду устод -- Кевин Кинг аз Амрико ва Тимоти Уикс аз Австралия мебошанд.

Оқои Ғанӣ рӯзи гузашта дар як суханронӣ, ки аз телевизиони ин кишвар пахш шуд, гуфт, ҳукумат тасмим гирифтааст барои ҳамвор кардани роҳи гуфтугӯи рӯ ба рӯ бо раҳбарони Толибон, ин афродро бо ду устоди донишгоҳ мубодила кунад. Ин дар ҳоле аст, ки Толибон ҳукумати марказиро режими ғайримашрӯъ номида ва музокироти мустақимро ба шиддат рад кардааст.

Номи ду фармондеҳи Толибон, Ҳоҷӣ Молихон ва Ҳофиз Абдурашид эълом шудааст. Ин ду нафаро ҳамроҳ бо Анас Ҳаққонӣ дар соли 2014 боздошт шуда буданд. Анас Ҳаққонӣ бародари хурдии Сироҷиддин Ҳаққонӣ аст, ки нафари дувуми Толибон ва раҳбари "Шабакаи Ҳаққонӣ" мебошад.

Тибқи иттилои бахши афғонистонии Радиои Озодӣ, Анас Ҳаққонӣ дар моҳи октябри соли 2014 бо Ҳофиз Абдурашид аз сӯи Идораи истихбороти Амрико боздошт шуд. Ӯ ва ҳамроҳаш дар фурудгоҳи кишвари арабии Баҳрайн боздошт шуда буданд.

Як манбаи Толибон дар Кувейтаи Покистон, ки ба хотири ҳассосияти мавзуъ нахост номаш гирифта шавад, дар сӯҳбат бо Радиои Афғонистони Озод, Анас Ҳаққониро яке аз мӯҳраҳои калидии "Шабакаи Ҳаққонӣ" хонд ва гуфт, ки ӯ масъулияти молии ин шабакаро ба ӯҳда дошт. Ӯ гуфт, ки Анас Ҳаққонӣ дар охирин сафараш ба Баҳрайн "ба хотири ҷамъоварии кӯмаки молӣ ба Шабакаи Ҳаққонӣ" дар фурудгоҳ аз сӯи ИМА боздошт шуд.

Дар ҳамин ҳол, Ҷон Басс, сафири Амрико дар Кобул ин тасмими раиси ҷумҳур Ғаниро як тасмими шуҷоъона хонд ва аз Толибон талаб кард, ки бо як ҳаракати инсондӯстона, зиндониён, ба вижа зиндониёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва устодони Донишгоҳи амрикоиро озод бисозанд.

Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон қаблан гуфта буд, "Анас Ҳаққонӣ хатти сурхи ҳукумати Афғонистон ва мардуми Афғонистон аст. Мардуми Афғонистон ин иҷозаро ба ҳукумати Афғонистон нахоҳад дод, ки Анас Ҳаққонӣ, ки қотили мардуми Афғонистон аст, раҳо шавад".

Пас аз эълони раҳоии ин узви баландпояи Толибон, сару садое дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба роҳ афтод ва корбарони афғонӣ аз ҳукумати кишварашон интиқод карданд, ки чӣ гуна афродеро, ки дар тарҳрезӣ ва сармоягузории ҳамлаҳои хунин даст доштанд, озод кардааст.

Мубодилаи ин афрод дар пайи талошҳои нави барои анҷоми музокироти сулҳ миёни Толибон ва Амрико сурат мегирад. "Гурӯҳи Ҳаққонӣ" дар солҳои ахир ҳамлаҳои густурдаеро алайҳи ғайринизомиён дар Афғонистон анҷом додааст. Бар асоси ин гузоришҳо, "Шабакаи Ҳаққонӣ" аз сӯи Покистон ҳимоят мешавад ва бахше аз гурӯҳи Толибон дар Афғонистон аст.

Мубодилаи афроди баландпояи Толибон дар ҳоле сурат мегирад, ки як ҳайати олирутбаи Покистон рӯзи душанбе аз Кобул дидан кард ва бо мақомҳои афғон мулоқот намуд. Генерал Файз Ҳамид, раиси ISI ё созмони Истихбороти аскарии Покистон ва Суҳайл Маҳмуд, муовини вазири умури хориҷии Покистон, шомили ин ҳайат буданд.

XS
SM
MD
LG