Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушакпартоӣ ва ҳамлаи Исроил ба Ғазза давом дорад


Мушакпартоӣ ва ҳамлаи ҳавоии навори Ғазза рӯзи дувум аст, ки аз сӯи Исроил давом дорад. Рӯзи чаҳоршанбе дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии Ғазза ду одам кушта шуд. Шумори умумии қурбониҳо аз ҳисоби фаластиниҳо ба 12 тан расид.

Дар камтар аз 2 рӯз ба сӯи Исроил низ аз ҳудуди Ғазза 250 мушак партоб ва қисме аз онҳо дар ҳаво маҳв карда шуд. Дар бораи кушташудаҳои Исроил ҳанӯз хабаре нест, аммо бештар аз 40 тан ҷароҳати сабук бардоштааст.

Артиши Исроил шоми сешанбе ба чаҳоршанбе дар "Твиттер" эълом кард, ки нерӯҳои ҳавоии ин кишвар манзилҳои зисти мақомҳои баландпояи созмони "Ҷиҳоди исломӣ"-ро ҳадаф қарор доданд. Ба иттилои манбаъ, дар навори Ғазза раҳбари "Ҷиҳоди исломӣ" Баҳа Абу ал-Ато кушта шудааст.

Гуруҳи "Ҷиҳоди исломии Фаластин" маҳви Исроилро ҳадаф гузоштааст. Фаъолияти он дар Исроил, ИМА ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо манъ карда шудааст. Вазорати умури дохилии Исроил мегӯяд, Эрон созмони мазкурро сармоягузорӣ мекунад.

Нерӯҳои Исроил ҳамчунин ба самти Димишқи Сурия низ чандин мушак партоб карданд. Дар ин бора хабаргузории расмии Сурия -- SANA иттилоъ дод. Дар Димишқ манзили зисти яке аз раҳбарони дигари созмони "Ҷиҳоди исломӣ" Акрам ал-Ҷуриро ҳадаф қарор доданд.

Пас аз кушта шудани раҳбари "Ҷиҳоди Исломӣ" аз навори Ғазза ба Исроил низ чандин мушак партоб шудааст.

XS
SM
MD
LG