Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирпарронӣ дар як мактаби Калифорния: ду хонанда кушта шуд


Дар натиҷаи тирпарронӣ дар як мактаби миёнаи шаҳри Санта-Кларитаи Калифорнияи ИМА ду нафар ба ҳалокат расида, се тани дигар захмӣ шуданд. Ба иттилои пулиси маҳаллӣ, кушташудаҳо 14 ва 16-сола буданд.

Дар ҳамла хонандае гумонбар аст, ки рӯзи панҷшанбе 16-солагии худро ҷашн гирифт. Ӯ бо либоси сиёҳ ба мактаб рафта, тирпарронӣ кардааст. Гумонбар баъдан худро низ парондааст. Вазъи ӯ вахим буда, сабабҳои даст заданаш ба ҳамлаи мусаллаҳона маълум нест.

Соли равон аз ҳамлаи хунин ва пурқурбонии мактаби "Колумбайн"-и иёлати Колорадо 20 сол гузашт. Он замон дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳонаи ду хонанда 15 нафар кушта ва 23 кас захмӣ шуданд.

Ба ҳисоби созмони ғайритиҷории Эверитаун, ки ба сахттар шудани хариду фурӯши силоҳи оташфишон дар ИМА даъват мекунад, ҳодиса рӯзи панҷшанбе 85-умин ҳамлаи мусаллаҳона дар соли равон аст.

XS
SM
MD
LG