Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пелосӣ иддао кард, Трамп масъалаи "ришва"-ро пазируфтааст


Раиси Маҷлиси Намояндагони Амрико иддао дорад, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури он кишвар масъалаи "пора"-ро дар ҷараёни ҷанҷолҳои руйдода вобаста ба Украина пазируфтааст.

Ненси Пелоси ин изҳоротро бо истифода аз вожаи англисии "bribery" (пора) ба миён гузошт. Пештар дар чунин ҳолатҳо калимаҳои лотинии "quid pro quo" истифода мешуд.

Дар остонаи рӯзи дуввуми раванди таҳқиқоти ошкорои нобоварӣ ба раиси ҷумҳури Амрико, Ненси Пелоси, раиси Маҷлиси Намояндагон, дар нишасти хабарие гуфтааст, "ин пора аст". Пелоси ин суханонро дар ишора ба гуфтугӯи телефонии 25-уми июли имсол миёни Трамп ва Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, баррасӣ кардааст.

Дар он гуфтугӯ Доналд Трамп аз ҳамтои украиниаш хоста буд, дар бораи Ҷо Байден, рақиби сиёсии ӯ ва писараш пажуҳиш кунанд. Пелоси мегӯяд, "ончӣ раиси ҷумҳур пазируфта ва изҳор кардааст, ки "бегуноҳ" буд, ман мегӯям як кори пурра хато буд. Ин пора аст".

Ишораи Пелоси ба изҳороти Трамп аст, ки гуфта буд, гуфтугӯи телефонии ӯ бо ҳамтои украиниаш "бенуқс" буд ва ҳеч кори хатое накардааст.

Аз рӯи Қонуни асосии Амрико, гуноҳҳои сахти хиёнат, пора ва монанд ба инҳо метавонад сабаби бозхонд ё фарохонд шавад.

XS
SM
MD
LG