Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

WSJ: таҳдиди ИМА ба Миср баъди эҳтимоли харидории Су-35-и Русия


Вашингтон таҳдид кард, ки агар Миср ҳавопаймоҳои ҷангии Су-35-и Русияро харидорӣ кунад, ИМА зидди Қоҳира таҳрим ҷорӣ хоҳад кард. Дар ин бора нашрияи амрикоии The Wall Street Journal иттилоъ медиҳад.

Ба иттилои нашрия, котиби давлатии ИМА Майк Помпео ва вазири мудофиаи он кишвар Марк Эспер ба вазири мудофиаи Миср нома ирсол кардаанд. Дар нома омадааст, ки "додуситади нави таслиҳотӣ бо Русия ҳадди ақал додугирифти ИМА ва Мисрро дар бахши низомӣ душвор хоҳад кард".

The Wall Street Journal менависад, нома дар остонаи сафари вазири мудофиаи Русия ба Миср ирсол шудааст. Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия ҳафтаи ҷорӣ ба Қоҳира омада буд. Дар гуфтугӯ бо мақомоти Миср вазири рус ҳамкориҳои низомиву техникиро низ баррасӣ кард.

Баҳори соли ҷорӣ нашрияи "Коммерсант"-и Русия хабар дода буд, ки Русияву Миср шартномаи хариду фурӯши беш аз 20 ҳавопаймои ҷангии Су-35-ро бо арзиши наздики ду миллиард доллар ба имзо расонидаанд. Ҳамчунин хабар дода мешуд, Русия ба истеҳсоли ҳавопаймоҳо шуруъ кардааст. Ин дар ҳолест, ки "Рособоронэкспорт" мавҷудияти шартномаро бо Миср рад мекунад.

XS
SM
MD
LG