Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди шаҳрдори Тошканд ба рӯзноманигорон


Дар шабакаҳои иҷтимоӣ 16 ноябр наворе нашр шуд, ки дар он марди садояш монанд ба шаҳрдори Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев рӯзноманигоронро ба қатлу зиндон таҳдид карда, мегӯянд, онҳоро дар шаш сония ҳамҷинсгаро хоҳад кард.

Зоҳиран навор ҳангоми суҳбат бо рӯзноманигорон сабт шудааст. "Як ҳафта пеш дар бораи корхонаҳои ман навиштанд ва онҳоро инҳисор номиданд. Агар ҳозир барояшон 10 ҳазор доллар бидиҳӣ, ситоишро оғоз хоҳанд кард. Онҳо кӣ ҳастанд? Палидҳои пастанд! Онҳо фарзанди инсон ё саг бошанд?",-мегӯяд марде, ки дар навор суҳбат дорад.

Ӯ дар идома рӯзноманигоронро ба қатл таҳдид карда, мегӯяд, онҳоро ҳамҷинсгаро хоҳад кард. "Тавре мекунам, ки шуморо ба маҳаллаатон роҳ намедиҳанд ва волидонатонро масхара хоҳанд кард. Ҳамсояҳоятон шарм медоранд, ки бо шумо салом кунанд. Ман ин корро карда метавонам. Барои ман ҳамҷинсгаро эълом кардани шумо мушкил аст? Осон аст! Дар 6 сония шуморо дар як таксӣ бо ҳамҷинсгаро шинонда, акс мегирам. Тамом! Шумо ҳамҷинсгаро!",-гуфта мешавад дар навор.

"Ба раҳбариятамон писанд ҳам набошад, ман хулқу феъли худамро дорам. Ман инро дар шаш сония метавонам. Ташкил карда метавонам. Ё шак дорӣ? Фаҳмонда тавонистам? Бе сабаб аз хона танҳо баромада се рӯз бедарак хоҳед шуд. Инро мехоҳед? Ҳама хомуш хоҳад шуд. Касе ҳам дар бораи шумо намепурсад. Онҷо хоҳанд навишт, инҷо дар як ҳафта ҳама фаромуш мекунанд. Тамом! Мегӯянд, ҳангоми оббозӣ дар куҷое ғарқ шуд! Ҳаёт ҳамин аст! Бинобар ин, бо мо ҳамкорӣ кунед. Агар шумо мушкиле доред, ба мо кумак кунед, то онро ҳал кунем",-афзудааст ӯ.

Навори мазкур дар миёни корбарони узбек, аз ҷумла рӯзноманигорон ва блогерҳо баҳсҳои тундеро ба бор овардааст.

То ҳол на худи Ортиқхоҷаев ва на хадамоти матбуотии шаҳрдории Тошканд наворро шарҳ надодаанд.

Рӯзноманигорони узбекистон мегӯянд, ин бори аввал нест, ки шаҳрдори Тошканд суханҳои қабеҳ ва таҳқиркунанда мегӯяд. Бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ истеъфои Ортиқхоҷаевро талаб кардаанд.

XS
SM
MD
LG