Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро мақомот монеи рафтани зоирони тоҷик ба ҳаҷҷи умра шуданд? ВИДЕО


Даҳҳо сокини Тоҷикистонро, ки нияти ҳаҷҷи умра ва қасди сафар ба Арабистони Саудӣ доштанд, аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе гардондаанд. Мақомот мегӯянд, роҳбаладон иҷозаи расмии Кумитаи динро надоштанд. Сокинон мепурсанд, ки агар мушкил сари роҳбаладон аст, чаро онҳоро нагузоштанд, ки ба сафари худ идома диҳанд.

Марҳабо Давлатова, сокини 63-солаи Ҳисор, дар ҳайати як гурӯҳи иборат аз 16 нафар бояд рӯзи 23-юми ноябр барои адои ҳаҷҷи умра ба Саудӣ мерафт. Вай гуфт, ин сафарро чаҳор сол боз интизор буд ва ҳоло ноумеду нороҳат шудааст.

“Интизори парвоз будем, ки роҳбалади моро дастгир карданд. Гуфтанд, ки ӯ моро ғайриқонунӣ бурданӣ будааст. Ман гуфтам, додар, ту модар дорӣ? Агар модаратро ноумед кунанд, чӣ мекунӣ? Моро, фиристед, баъд худатон медонеду ҳамон роҳбалад», -- нақл кард ӯ рӯзи 28-уми ноябр.

Давлатова мегӯяд, ба далели мушкилу гарон будани харҷи ҳаҷҷи фарзӣ, ки дар як сол як бор ва дар рӯзи иди Қурбон ҷоиз аст, хост, ҳадди ақал ба ҳаҷҷи умра равад. Бо ин ҳадаф, ҳанӯз моҳи август ҳамроҳ бо ду наздикаш ба нафаре, ки сафари гурӯҳӣ ташкил мекард, ҳуҷҷат ва маблағ супурд. Сафар то моҳи ноябр тӯл кашид ва дар ин муддат Марҳабо Давлатова ду бор «ош» кардаву бо наздикон худоҳофизӣ кард.

«Намояндагони мақомот гуфтанд, ҳеч гап нест, мо пулатонро медиҳем. Ман гуфтам, гап сари пул нест. Ноумедӣ мушкил аст», -- афзуд ӯ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Ба тавофи Каъба рафтанӣ буд, ба ҳавопаймо роҳаш надоданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:53 0:00

Мақомот дар як рӯз ба сафари ду гуруҳи зоирон, ки дар маҷмуъ бинобар хабарҳо беш аз 30 нафар будаанд, иҷоза надоданд. Сабаб ҳам ин будааст, ки онҳо на ба воситаи ширкатҳои расмӣ, балки дар гурӯҳе қасди сафари ҳаҷҷи умра кардаанд, ки иҷозаи Кумитаи динро надошт.

Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими миллӣ, рӯзи 28-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, «тибқи маълумоте, ки дастраси мо шуд, баъзе аз афроди алоҳида талош карданд, шаҳрвандони Тоҷикистонро бе пардохти андозҳо ба ҳаҷҷи умра баранд. Ошкор шуд, ки онҳо пештар зоиронро дар хобгоҳҳои хайриявӣ ҷойгир кардаанд. Барои ҳамин сафари ин гурӯҳҳо манъ шуд.»

Ҳарфҳои намояндаи Кумитаи динро яке аз созмондиҳандагони сафари «номуваффақ» ҳам тасдиқ мекунад. Роҳбаладони мустақил, ки дар рӯзи лағви сафари зоирон боздошт шуда буданд, ҳоло дар озодӣ ҳастанд ва яке аз онҳо бе зикри номаш гуфт, «мо боҷи давлатиро насупурда ва баъзе аз шартҳоро иҷро накарда будем.»

Маблағи мусофирони ноумедшудаи ҳаҷҷи умра ҳанӯз баргардонда нашудааст. Мақомот ба онҳо ваъда додаанд, ки тавассути ширкатҳои расмӣ онҳоро ба Арабистони Саудӣ мефиристанд, вале маълум нест аз кадом ҳисоб.

Ташкили сафари сокинони Тоҷикистон барои ҳаҷҷи умра бо иҷозаи мақомот сурат мегирад. Ин иҷозаро чанд сол аст, ки танҳо ширкати сайёҳии "Ормон" ва "Расул" доранд. Ба гуфтаи афроди огоҳ, ширкатҳои дигар бо вуҷуди талоши чандсола ҳанӯз натавонистаанд ин иҷозаро ба даст оранд.

Коршиносон мегӯянд, ба ихтиёри ду ширкат додани маросими адои ҳаҷҷи умра дар кишваре, ки 9 миллион аҳолӣ дорад ва аксарият мусламон ҳастанд, нодуруст аст ва ба фасод замина мегузорад.

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони тоҷик гуфт, "аз сӯи дигар, тибқи асноди ҳуқуқи байналмилалӣ ва уҳдадориҳои Тоҷикистон ҳар шаҳрванд метавонад бо ташаббуси худ ё бо истифода аз хизмати ниҳодҳои ваколатдори давлатӣ ва ғайридавлатӣ хоҳ бо мақсади адои рисолаҳои динӣ ва ё барои густариши фаъолияти иқтисодӣ ё сайру саёҳат ба хориҷи кишвар равад."

Мусофироне, ки ба воситаи миёнравҳои алоҳида нияти сафар ба ҳаҷҷи умраро карданд, мегӯянд, харҷи сафар дар ин гурӯҳҳо ба фарқ аз ширкатҳои расмӣ арзонтар буд. Онҳо барои миёнравҳо 17 ҳазор сомонӣ (беш азз 1700 доллар) додаанд. Ба воситаи ширкатҳои расмӣ маблағи сафари як нафар беш аз 20 ҳазор сомонӣ будааст.

Танзими сафари ҳаҷҷи умра ва маҳдуд шудани он бо ду ширкат дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки тобистони имсол Арабистони Саудӣ тартиби гирифтани визаро барои шаҳрвандони хориҷие, ки мехоҳанд адои ҳаҷҷи умра кунанд, содда кард. Ҳоло барои сафари ҳаҷҷи умра онлайн ба хоҳишмандон дар давоми як соат виза пешниҳод мешавад.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ тасмими мақомоти Тоҷикистонро маҳдуд кардани ҳаққи интихоби сокинон ва зери назорат гирифтани ҳар қадами онҳо медонанд. Мақомот мегӯянд, дар гузашта баъзе афрод ба ин восита ба кишварҳои исломӣ рафта, барнагаштаанд ва онҳо мехоҳанд, аз такрори чунин ҳодисаҳо пешгирӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG