Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пас аз гузориш ё ситоиш? Чӣ чиз зиндагии Саодат Хоҷаеваро дигаргун кард? ВИДЕО


Саодат Хоҷаева
Саодат Хоҷаева

Саодат Хоҷаева ва шавҳараш, Тоҷиддин Маҳмадалиев, мегӯянд, пас аз гузориши Радиои Озодӣ зиндагии онҳо тамоман дигар шуд. Аммо ин дигаргунӣ на танҳо зимни ин гузориш, балки баъд аз суҳбати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ин хонавода дар ҷаласаи ахири ҳукумат иттифоқ афтодааст. Раисиҷумҳур Саодатро намунаи худфидоӣ ва иродаи қавӣ донистааст.

Як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон гуфт, бо дастури президент як ҳайати ҳукуматӣ рӯзи ҷумъаи 29-уми ноябр бо роҳбарии Идигул Қосимзода, раиси Кумитаи занон ба хонаи Саодат Хоҷаева рафтанд ва ситоиши президентро ба ӯ расониданд. Онҳо ҳамчунин туҳфа ва кумаки молӣ бурдаанд. Сипас як мақомдори дигар ба хонааш омада, ба ӯ мошини ҷомашӯӣ, тафдони нонпазӣ ва кӯрпаву кӯрпача тақдим кардааст. Раиси ноҳия ваъда кардааст, ки хонаи онҳоро​ навсозӣ мекунад.

"Ҳеч бовар надоштем, ки зиндагии мо баъди гузориши Радиои Озодӣ чунин тағйир мехӯрад. Чанд рӯзи пеш дар хона нишаста будем, ки яке раиси ноҳия ва як зан омад ва худро раиси Кумитаи занон муаррифӣ кард. Маро сахт ба оғӯш кашида, қолин дод ва ду ҳазор сомонӣ. Ростӣ, ҳайрон шудам ва ӯ дар давоми суҳбаташ гуфт, президент туро таъриф кардааст. Раиси ноҳия ваъда кард, ки хонаатро таъмир мекунам",-- гуфт Садоат Хоҷаева ба Радиои Озодӣ рӯзи 2-юми декабр.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Гузориши Радиои Озодӣ ҳаёти Саодат Хоҷаеваро тағйир дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:45 0:00

"Ягон нафар намедонист, ки дар мо чунин одам зиндагӣ мекунад. Як гузориши шумо машҳур кард ва ҳоло моро дар ҳамаи ҷо диданд. Аз ҳар тараф ёрдӣ мекунанд. Идигул Қосимзода бо ман суҳбат кард ва гуфт, се писарро чӣ гуна бо ин маъюбӣ нигоҳубин мекунад. Ҷавобаш додам, ки бо пойҳояш фарзандонро бузург карда истодааст",-- гуфт Тоҷиддин Маҳмадалиев, ҳамсари Саодат.

Ҳамдеҳагони Саодат Хоҷаев мегӯянд, бисёриҳо аҳволи ин оиларо медонистанд, аммо ишораи президент сабаб шуд, ки ҳоло ҳама ба ҳаёти он таваҷҷуҳ мекунанд. Ҳол он ки аксари чунин қаҳрамонҳо пушти парда пинҳон мемонанд ва мақомот аз зиндагии фақиронаи онҳо хабардор намешаванд, зеро дар байни мардум нестанд.

Ба гуфтаи Ҳафизамо Ҷӯрақулова, ҳамдеҳаи Саодат Хоҷаева, “ҳоло хайрхоҳон тилфон карда, рақамҳояшро гирифтанд ва омодаи кумак бо ин зан ҳастанд." Чандин нафар аз Русия занг задаанд.

Зимнан, баъд аз таваҷҷӯҳи президент ба гузориши Радиои Озодӣ аз зиндагии Саодат, раиси Кумитаи занон Идигул Қосимзода, дар суҳбат ба ин хонавода ваъда кардааст, ки бо истифода аз грантҳои президентӣ барояш як дукони чеварӣ хоҳанд сохт..

Дар ҳоле ки бисёриҳо ба корнамоии Саодат, ки корҳои хонаву полиз ва парвариши фарзандонашро бо як дасти маъюб ва як пояш анҷом медиҳад, таваҷҷуҳ кардаанд, як корбари сомонаи Радиои Озодӣ бо номи Венера Муҳиддинова навишта буд, ки ғадуди сипаршакли зан варамидааст ва бояд ӯро назди пизишкон бурд.

Саодат гуфт, медонад, ки солҳо боз бемории ҷоғар дорад, вале ба иллати кампулӣ ба табобати он талош накардааст. Хабарнигори Радои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб Саодат Хоҷаеваро ба Бемористони эндрокринологии минтақаи Кӯлоб бурд. Сардухтури ин бемористон Хайрулло Хайриддинов аз гузориши Радиои Озодӣ воқиф буд ва Саодатро муойина намуда, изҳор дошт, ки ӯро ройгон табобат хоҳад кард. Ин табиб то ҳадди имкони бемористон барои Саодат дору гирифт ва хабарнигори Озодӣ низ боқимондаи доруҳои ӯро дастрас кард. Садриддин Ғаюров, сардори Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб низ изҳор дошт, ки омодаи кумак аст. Табибон гуфтанд, ки дар сурати бо дору табобат наёфтанаш Саодатро ройгон ҷарроҳӣ хоҳанд кард.

Таваҷҷуҳи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба зиндагии Саодат ҳамчунин сабаб гашт, ки шабакаҳои давлатии телевизионӣ низ дар бораи ӯ гузориш омода кунанд. Бо дидани ин ҳама шояд ҳазорон нафар аз афроде, ки ба монанди Саодат Хоҷаева зиндагии сахт доранд,орзу мекунанд, ки дар бораи онҳо низ гузорише пахш шавад ва раисиҷумҳур ба он таваҷҷуҳ кунад. Аммо дар гузашта низ гузоришҳои Радиои Озодӣ зиндагии садҳо нафарро тағйир додаанд. Дар ин бора қаблан яке аз паси дигар ду филми мустанад нашр шудааст.

Радиои Озодӣ зиндагии инҳоро дигар кард (Бахши 1)

Радиои Озодӣ зиндагии инҳоро дигар кард (Бахши 2)

XS
SM
MD
LG