Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳонӣ буҷаи муқовимат бо таҳримҳоро пешниҳод кард


Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, чизе, ки онро буҷаи муқовимат дар баробари таҳримҳо хонд, рӯзи 8-уми декабр ба порлумон пешниҳод кард. Ӯ гуфт, қарзи эҳтимолии чандин миллиарддолларӣ аз Русия як манбаи муҳими даромад хоҳад буд.

Раиси ҷумҳури Эрон афзуд, дар ин буҷа камтарин такя ба даромади нафт дар назар гирифта шудааст.

Тибқи гузоришҳо буҷаи пешниҳодии Рӯҳонӣ барои соли оянда тақрибан чиҳил миллиард доллар ва нисбат ба имсол 20 дарсад бештар аст.

Ин буҷаи пешниҳодӣ барои соли оянда дар ҳоле матраҳ мешавад, ки фишори таҳримҳои Амрико афзоиш ёфта ва эрониҳо ҳанӯз ҳам аз паёмадҳои саркӯби маргбори тазоҳуроти моҳи гузашта ба худ наомадаанд. Эътирозҳо моҳи ноябр ва баъд аз боло рафтани қимати сӯзишворӣ баргузор шуд.

XS
SM
MD
LG