Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин мулоқоти Путин ва Зеленский дар Порис баргузор мешавад


Дар шаҳри Порис 9 декабр мулоқоти "шакли нормандӣ" барои ба эътидол овардани вазъ дар Донбасси Украина баргузор хоҳад шуд.

Раҳбарони Украина, Олмон, Фаронса ва Русия дар се соли охир бори нахуст барои пайдо кардани роҳҳои қатъи даргирӣ дар шарқи Украина пушти мизи гуфтушунид хоҳанд нишаст.

Дар маркази шаҳри Киев, пойтахти Украина 8 декабр, пеш аз мулоқоти "шакли нормандӣ" ҳамоиши эътирозӣ баргузор шуд. Ба иттилои AFP, дар тазоҳурот ҳудуди 5 ҳазор одам иштирок доштанд.

Сокинонро ба баргузории ин ҳамоиш вакилони порлумони Украина аз ҷиноҳҳои мухолиф, аз ҷумла "Ҳамраъйии аврупоӣ", "Садо" ва "Озодӣ" даъват карда буданд. Вакилони мухолиф дар арафаи мулоқоти Порис, ба истилоҳ "хати сурх"-еро нашр карданд, ки президенти Украина Владимир Зеленский дар мулоқот бо раҳбарони Русия, Олмон ва Фаронса набояд аз доираи он берун равад.

Мухолифони Украина, аз ҷумла ягонагии давлат, баргузор накардани интихобот дар Донбасс то хориҷ шудани нерӯҳои Кремл, худдорӣ аз созиш дар робита ба мақоми нимҷазираи ишғолии Қрим ва ба додгоҳи байналмилалӣ кашидани Русияро талаб карданд.

XS
SM
MD
LG