Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии як фаъоли "Гурӯҳи 24" пас аз 5 рӯзи боздошт дар Русия


Мақомоти Русия як фаъоли созмони сиёсии дар Тоҷикистон фаъолияташ мамнуи "Гурӯҳи 24"-ро пас аз панҷ рӯзи боздошт, озод карданд. Хурсанд Наҷмиддинов рӯзи 5-уми декабр аз ҷониби Хадамоти марзбонии Русия дар фурудгоҳи Внуково боздошт шуда буд.

"Гурӯҳи 24" дар баёнияе, ки рӯзи душанбеи 9-уми декабр нашр кард, гуфт, ки Хурсанд Наҷмиддинов бинобар рӯйхати пешниҳодкардаи мақомоти тоҷик боздошт шуда буд. Тибқи баёнияи "Гурӯҳи 24, баъд аз 4 рӯзи баррасии парванда, додгоҳ ӯро аз боздоштгоҳи муваққатӣ "беқайду шарт озод намуд". Ин гурӯҳ боздошти ӯро "дорои ангезаҳои сиёсӣ" гуфта буд.

Ин баёния мегӯяд, барои раҳоии Хурсанд Наҷмиддинов вазорати умури хориҷии Австрия ҳам талош кардааст. Намояндагони "Гурӯҳи 24" мегӯянд, ӯ аз соли 2016 дар Австрия ҳаққи паноҳандагӣ пайдо кардааст.

Назари мақомоти тоҷик дар робита ба боздошт ва раҳоии Хурсанд Наҷмиддинов маълум нест. Мақомоти Русия ҳам нагуфтанд, ки ин фаъоли сиёсии тоҷик чаро боздошт ва сипас раҳо карданд.

"Гурӯҳи 24”-ро Умаралӣ Қувватов, тоҷири тоҷик, ки соли 2012 Тоҷикистонро тарк карда буд, дар Маскав таъсис дод. Ӯ баҳори соли 2015 дар Туркия кушта шуд. Аъзои ин созмон дар ташкили куштори Қувватов мақомоти Тоҷикистонро гунаҳкор карданд. Мақомот ин иддаоро рад кардаанд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон "Гурӯҳи 24"-ро соли 2014 як ҳаракати экстремистӣ хонд ва фаъолияти онро дар ҳудуди кишвар манъ кард. Чанде аз аъзои он боздошт ва ба солҳои гуногун зиндонӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG