Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаи Толибон ба Багром 2 тан кушта ва 70 кас захмӣ шуданд


Бар асари ҳамлаи Толибон ба як муҷтамаи тиббӣ дар назди пойгоҳи сарбозони амрикоӣ дар ноҳияи Багроми Афғонистон, камаш ду афғони мулкӣ ба ҳалокат расида, 70 нафар, аз ҷумла 5 сарбози гурҷӣ, ки дар қолаби нерӯҳои НАТО ҳузур доранд, маҷрӯҳ шуданд. Ин ҳамла субҳи чаҳоршанбеи 11-уми декабр иттифоқ афтод.

Бо тақдими ин иттилоъ, мансабдорони афғон афзудаанд, ки ҳамларо маргталабе бо мошини саршор аз маводи тарканда амалӣ кардааст. Ин ҳамла дар ҳоле сурат гирифт, ки ахиран баъди таваққуфи семоҳа, Амрико музокирот бо Толибони афғонро аз сар гирифтааст.

Ваҳида Шаҳкор, сухангӯи волии вилояти Парвон мегӯяд, дар пайи бомбгузорӣ бархӯрди нимсоата бо ҷангҷӯён ҷараён гирифт ва зоҳиран онҳо ҳадаф доштаанд ба пойгоҳи Багром ворид шаванд.

Сухангӯи нерӯҳои НАТО дар Афғонистон гуфт, баъди талоши нокоми вуруд ба пойгоҳ, силоҳбадастон дар дохили муҷтамаи тиббӣ сангар гирифтанд. Ин сухангӯ гуфтааст, дар натиҷаи як силсила ҳамлаҳои ҳавоӣ ҳамаи ҳамлаварон кушта шуданд.

Пойгоҳи Багром дар тақрибан 50 километрии шимоли Кобул ҷойгир аст. Вазорати мудофиаи Гурҷистон тасдиқ кардааст, ки панҷ сарбозаш ҷароҳати сабук бардоштанд.

XS
SM
MD
LG