Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп гуфт, Чин ба шартҳояш розӣ шудааст


Иёлоти Муттаҳида ва Чин ба баъзе пешшартҳо дар марҳилаи аввали гуфтугӯ дар мавриди созишномаи тиҷоратӣ миёни ду кишвар ба мувофиқа расидаанд.

Ба ин хотир, Доналд Трамп, президенти Амрико қарори пешинаашро, ки бояд аз 15-уми декабр ба бархе молу маҳсулоти воридотии Чин боҷи молии бештар илова мекард, амалӣ намекунад.

Тавре Трамп дар саҳифаи Твиттери худ навиштааст, ки Чин ба харидории молу маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии Амрико дар ҳаҷми бузург розӣ шудааст.

Президенти Амрико навиштааст, ки боҷи гумрукии бархе молҳои воридотии Чинро ду баробар камтар мекунад.

Ба гуфтаи Трамп, Чин дар соли 2020 дар ҳаҷми 50 миллиард доллар молу маҳсулоти кишоварзии Амрикоро мехарад, ки назар ба соли пеш ду баробар бештар аст.

Дар Чин ҳанӯз мулоқот ва созишро расман тасдиқ накардаанд.

Аммо Чин низ гуфтааст, ки аз 15-уми декабр дар баробари молҳои воридотии амрикоӣ боҷи бештар ҷорӣ нахоҳад кард.

Гуфтугӯ миёни ИМА ва Чин беш аз як сол пас аз он оғоз шуд, ки Трамп гуфт, агар Чин қарордоҳои тиҷоратиро бозбинӣ накунад, ба молҳои воридотиаш боҷи бештар ҷорӣ мекунад.

ИМА аз нобаробарии тиҷоратӣ бо Чин нигарон аст.

Трамп гуфтааст, марҳилаи дуюми гуфтугӯ бо Чин оғоз шудааст.

XS
SM
MD
LG