Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни нишасти муҳими СММ бе қабули қарори калидӣ


Музокироти дуҳафтаинаи Созмони Милал дар бораи тағйири иқлим дар шаҳри Мадрид рӯзи 15-уми декабр ба поён расид, вале тарафҳо натавонистанд, дар бораи қарори асосии нишаст, яъне тартиби додугирифти меъёри ихроҷи гази карбон ба мувофиқа бирасанд.

Намояндагони 200 кишвар аз ҷумла Тоҷикистон дар нишаст ширкат доштанд ва сари шеваҳои мубориза бо гармоиши курраи Замин ба мувофиқа расиданд. Дар ин нишаст тарафҳо сари эъломия барои коҳиши бештари газҳои гулхонаӣ ва кӯмак ба кишварҳои камбизоате, ки аз оқибатҳои тағйири иқлим ранҷ мекашанд, ба созиш расиданд. Аммо бо вуҷуди якуним рӯз дарозтар кардани нишасти Мадрид мувофиқа сари қарори асосӣ ҳосил нашуд ва бояд як сол баъд дигарбора барои қабули он баргарданд.

Масъала қимати ихроҷи гази карбон, яке аз олудакунандаи аслии ҳаво аст. Кишварҳои ҷаҳон барои ихроҷи ин газҳо саҳм доранд ва агар камтар аз меъёри пешбинишуда хориҷ мекунанд, метавонанд саҳми худро ба ширкатҳо, ё кишвари дигар бифурӯшанд. Ҳадаф аз ин навъи муомила мусоидат ба рушди технологияҳоест, ки ҳаворо кам олуда мекунанд.

XS
SM
MD
LG