Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як шаҳрванди Қазоқистон дар сӯхтори Душанбе


Бар асари сӯхтор дар як бинои баландошёна дар маркази Душанбе як шаҳрванди Қазоқистон ба ҳалокат расидааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ҳодиса баъд аз зӯҳри якшанбеи 15-уми декабр дар як бинои 11-ошёна воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ иттифоқ афтодааст.

Ба иттилои манбаъ, Натела Гугиневаи 39-сола, миллаташ гурҷӣ ва шаҳрванди Қазоқистон, ки дар яке аз манзилҳои ин бино иҷоранишин будааст, қабл аз расидани оташнишонҳо, "аз таъсири дуди ғализ" ҷон бохтааст.

Мақомоти ВКД сабаби ин сӯхторро ба "сарбории зиёд дар ноқилҳои барқӣ ва истифодаи аз меъёр зиёди неруи барқ аз тарафи сокинон", рабт додаанд.

XS
SM
MD
LG