Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон қонуни манъи истихроҷи конҳои уранро қабул кард


Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков қонуни манъи фаъолиятҳои марбут ба ҷустуҷӯ, иктишоф, коркард ва истихроҷи конҳои урану торийро имзо кард. Ба иттилои хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон, ин қонун ҳамчунин воридоти ашёи хомеро ба он кишвар манъ мекунад, ки дар таркиби худ уран ва маводи торий доранд.

Дар Қирғизистон моҳи апрели соли равон пас аз нашри хабарҳо дар бораи тасмими истихроҷи уран дар кони Қизил-Омполи вилояти Иссиқкӯл сокинон дар Бишкек, Қоракӯл ва Балиқчӣ зидди коркарди конҳои уран даст ба тазоҳурот заданд.

Дар пайи эътирози сокинон ҳукумати Қирғизистон 22 апрел корҳо дар кони урани Қизил-Омполро муваққатан манъ кард, ки ширкати "Юросиё дар Қирғизистон" иҷозатномаи истихроҷи онро соли 2010 ба даст оварда буд. 25 апрел корҳо дар кон пурра қатъ шуданд.

Порлумони Қирғизистон 2 майи соли равон қарори манъи истихроҷи уран дар ин кишварро қабул кард.

XS
SM
MD
LG