Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон маъракаи зидди фалаҷи атфол шурӯъ шуд


Дар Покистон маъракаи панҷрӯзаи эмкунӣ бар зидди фалаҷи атфол шурӯъ шуд, дар ҳоле, ки соли ҷорӣ шумори гирифторон ба ин беморӣ аз марзи 100 нафар гузашт. Барномаи муқобила бо фалаҷи атфоли Покистон мегӯяд, қарор аст шурӯъ аз 16 декабр даҳҳо ҳазор корманди маъракаи эмкунӣ дар ба дари мардум гашта, 39 миллион тифли то панҷсоларо бо давои зидди ин беморӣ фаро бигиранд. Танҳо 19 миллион тифле, ки бар асоси ин барнома бояд эм карда шаванд, дар вилояти Панҷоб зиндагӣ мекунанд ва имсол қарор аст тамаркузи бештар дар ҳамин минтақа сурат мегирад.

Дар остонаи маърака, мақомоти тиб гуфтанд, ки дар ҷисми се навзод аз минтақаи Хайбар Пахтунхва ва Панҷоб нишонаҳои фалаҷи атфол ошкор шудааст. Ин беморӣ сироятӣ буда, боиси фалаҷшавии аъзои бадан ва ҳатто марги инсон мешавад. Покистон яке аз он кишварҳост, ки то ҳол хатари олудашавӣ ба фалаҷи атфол баланд боқӣ мемонад ва соли 2014 дар ин кишвар баландтарин нишондод – 306 ҳодисаи гирифторӣ сабт шудааст. Баъди ин ҳодисаҳои олудагӣ ба беморӣ коҳиш дода шуд. Соли ҷорӣ 104 ҳодисаи гирифторӣ ба фалаҷи атфол ва аз ин шумор 75 ҳолаташ дар вилояти Хайбар Пахтунхва сабт шудааст. Олудагии атфоли бештар ба беморӣ бо сабаби аз эмкунӣ даст кашидани волидон рух медиҳад. Дар як паёми Твиттераш узви сенат Оиша Ризо Фаруқ аз волидон даъват кард, ки эмкунандагоро ба хонаҳояшон роҳ бидиҳанд, то ки кӯдаконашон аз беморӣ ҳимоят шаванд.

Дар ҳоле, ки мушкили бархӯрди манфии волидон як чолиши кормандони барномаи зиддифалаҷ мебошад, ҳамлаҳои ҷангҷӯёни Толибон ба кормандони барномаи эмкунӣ дар даҳсолаҳои гузашта ва кушта шудани даҳҳо нафар масъалаи ҷиддӣ боқӣ мемонад. Толибон мегӯянд, ки гӯё бо баҳонаи эмкунӣ кормандони тиб ба саломатии атфоли Покистон зарар мерасонанд.

XS
SM
MD
LG