Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Когони Узбекистон кӯдакон дар ҳоҷатхона дарс мехонанд


Мақомоти вилояти Бухорои Узбекистон тасдиқ карданд, ки дар мактаби шумораи 9 дар Когон кӯдакон дар ҳоҷатхонаи мактаб дарс мехонанд.

Рӯзи 14-уми декабр дар шабакаҳои иҷтимоӣ акси синфхонае дар дохили ҳоҷатхона нашр шуд. Корбарон гуфтанд, ки ин ҳолат дар ноҳияи Когони Бухоро рух додааст.

Мактаби шумораи 9 дар Когон соли 1986 сохта ва барои таҳсили 1051 хонанда пешбинӣ шудааст. Аммо дар ҳоли ҳозир ин мактаб 1573 хонандаро фаро мегирад. Ба далели норасоии синфхонаҳо, мудирияти мактаб тасмим гирифтааст, дар ҳоҷатхонаи табақаи аввали мактаб синфхона кушода шавад.

Наздики як моҳ пеш яке аз ҳоҷатхонаҳо таъмир ва ҳамчун синфхона омода шудааст. "Бо дархости Раёсати маорифи халқӣ таълим дар ҳоҷатхона бекор карда шудааст"-, хабар доданд мақомоти вилояти Бухоро.

XS
SM
MD
LG