Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Данғара маркази вилоят мешавад? Кай?


Донишгоҳи давлатии Данғара
Донишгоҳи давлатии Данғара

Дастикам ду мансабдори баландпоя дар ҷануби Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки Данғара – зодгоҳи раиси ҷумҳур – ба зудӣ аз як ноҳия ба маркази маъмурии вилоят табдил меёбад. Аммо нагуфтанд, ки дар минтақа вилояти нав ташкил мешавад ваё маркази вилояти ҳозираи Хатлон аз Бохтар (Қӯрғонтеппаи собиқ) ба Данғара мекӯчад. Раиси Хатлон гуфт, "дар ин замина корҳо ҷараён дорад". Мудири бахши меъмории Данғара гуфт, "эҳтимол ин кор соли 2021 сурат гирад". Мақомот далели тасмими худро обод кардани шаҳру ноҳияҳо маънидод карданд. Мунтақидон мепурсанд, пас, чаро интихоб маҳз сари зодгоҳи президент сурат гирифтааст, на ноҳияи дигар.

Шукрулло Бахтиёр, мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии Данғара, рӯзи 6-уми феврал гуфт, нақшаи куллӣ ё генералии ноҳияро ба ҳайси маркази ояндаи маъмурӣ омода карданд, вале ҳанӯз пурра тасдиқ нашудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар ноҳияи Данғара сохтмони даҳҳо иншоот, аз ҷумла қасри бузурги фарҳанг дар назар аст.

Моҳи августи соли 2017 раиси пешини Данғара Маҳмадулло Сайдализода гуфта буд, "генплан" 6000 гектарро дар бар мегирад.

Ҳафтаи гузашта Диловар Исозода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон низ гуфт, бинои наву ҳашттабақаи идораи маорифро дар ноҳияи Данғара месозанд.

Дар гузашта дар Тоҷикистон сарусадо дар бораи эҳтимоли ба маркази вилояти Хатлон ва ё ҳатто пойтахти кишвар табдил додани ноҳияи Данғара вуҷуд дошт, аммо мақомот ҳеч вақт онро тасдиқ накарда буданд.

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, рӯзи 7-уми феврал дар нишасти хабарӣ ба маркази вилоят табдил ёфтани ноҳияи Данғараро тасдиқ кард ва гуфт, барои корҳои ободонӣ дар онҷо "корхонаву ташкилот вобаста шудаанд".

"Сохтмони чанд иншоот ҷараён дорад, аммо ин кор имсол ваё соли оянда намешавад. Дар солҳои минбаъда, ҳаматарафа бо таҳлилҳои асоснок ва бо ҳисобу китоб, марказро муайян мекунанд. Маблағи бениҳоят зиёд зарур аст. Ин кор то 30-солагии ҷашни истиқлол намешавад. Шояд дертар шуданаш мумкин аст. Инро вақт муайян мекунад", -- афзуд ӯ.

Дар ҳоле ки мақомот тасмими ахири худро ба ин васила ободу зебо кардани шаҳру ноҳияҳои кишвар медонанд, бархе аз мунтақидон мепурсанд, ки пас, чӣ гуна интихоб маҳз сари зодгоҳи раиси ҷумҳур сурат гирифтааст? Дар ҳоле ки ба гуфтаи як ҳамсуҳбати мо ки нахост номаш бурда шавад, "дар вилояти Хатлон чандин ноҳия ҳаст, ки бояд ба онҳо таваҷҷуҳ карда шавад. Барои мисол, чаро ноҳияи Ҷайҳуну Ҳамадонӣ не, Вахшу Сарбанду Ҷомӣ не, Восеъву Фархор не, маҳз Данғара?"

Мақомот мустақим ба ин суолҳо посух намедиҳанд, аммо мегӯянд, ба навбат ба мушкили ҳамаи ноҳияҳо расидагӣ мешавад.

Аз оғози солҳои 2000-ум боз дар ноҳияи Данғара сохтмонҳои азим шуруъ шуда, то ҳол идома дорад. Ноҳияи Данғара солҳои 30-юми асри гузашта ташкил шудааст. Он ба ҳайати минтақаи Кӯлоб шомил аст.

Дар онҷо соли 2005 намояндагии Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистонро фаъол карданд ва дар соли 2012 ба Донишгоҳи давлатии Данғара табдил доданд. Дар соли 2016 Донишгоҳи тиббии Хатлон ҳам дар онҷо таъсис ёфт. Он замон гуфта шуда буд, ки Донишгоҳи давлатии тиббӣ ба хотири рафъи норасоии пизишкон дар вилояти Хатлон таъсис дода шудааст.

Дар ноҳияи Данғара минтақаи озоди иқтисодӣ ҳам амал мекунад, ки ба гуфтаи мақомот дар ҳудуди он чандин корхона бунёд шуда, як бахши он ба кор сар кардааст. Дар ин ноҳия сохтмони корхонаи истеҳсоли маводи тарканда ҳам ҷараён дорад.

Бино ба омори расмӣ, аҳолии ноҳияи Данғара 160 ҳазор нафар аст. Сокинони баъзе аз ноҳияи атрофи он мегӯянд, кӯшиш доранд, ки дар ҳудуди Данғара барои худ замину хона ёбанд, то дар муқоиса ба дигар ноҳияҳои минтақа дар шароити беҳтар зиндагӣ кунанд.

Аммо дар ҳудуди ин ноҳия ҳанӯз гӯшаҳое ҳастанд, ки мардумаш аз бебарқӣ ва беобӣ танқисӣ мекашанд. Соли 2017 Радиои Озодӣ дар бораи зиндагии мушкили 200 оила дар деҳаи Иттиҳоди ноҳияи Данғара гузориш дод, ки на нирӯи барқ доранд ва на обу на роҳи ҳамвор.

Коршиносоне, ки вазъиятро назорат мекунанд, мегӯянд, пинҳон нест, ки таваҷҷуҳ ба ноҳияи Данғара ба хотири зодгоҳи раиси ҷумҳур ва чандин мансабдори дигари тоҷик буданаш ҳаст. Аммо, ба гуфтаи онҳо, мақомот бояд ончунон рафтор кунанд, ки ба баҳси нобаробарӣ миёни сокинони ноҳияҳо ва ҳам мавзӯи маҳалгароӣ доман назананд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG