Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Fast Food барои вазирони тоҷик. "Ваъда медиҳам, ки ваъда намедиҳам"


Ҳангоми ироаи паёми солонаи президенти Тоҷикистон ба аъзои порлумон ва мардум. 26-уми декабри 2018
Ҳангоми ироаи паёми солонаи президенти Тоҷикистон ба аъзои порлумон ва мардум. 26-уми декабри 2018

Раҷаби Мирзо,

рӯзноманигор ва таҳлилгар

Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав"

Вақте касе баҳс кардан намехоҳад...

Як мавзӯе, ки дар маъракаҳои интихоботии Тоҷикистон доим дар байни мардум боис ба баҳси гарм мешавад, ин аст, ки вакилон ба ваъдаҳояшон вафо намекунанд. Ҳоло, ҳатто мегӯянд, ки дигар ваъда ҳам намедиҳанд.

Албатта, ин ҷанбаи қонунгузорӣ ҳам дорад, чун дар қонун омадааст, ки мисли замони Шӯравӣ як номзад ҳақ надорад, ба интихобкунанда ваъдаи сохтани роҳ, ҳалли мушкилоти дигари иҷтимоии онҳоро бидиҳад. Ба қавле, набояд овози интихобкунандаро "бихарад". Вале мардум зиёд мегӯянд, ки назар ба вакилони ҳозира ҳамон "калушдепутат"-ҳои қаблӣ беҳтар буданд, ки ягон мушкилашонро ҳал мекарданд. Ҳоло на ваъда медиҳанд, на дар давраи интихобот ва на пас аз он пайдо мешаванд...

Аммо ин воқеият бозгӯи ҳолати дигарро дорад. Гап дар сари умуман низоми мавҷуда меравад. Ҳоло як вакили ба истилоҳ интихобшуда пеш ва беш аз оне, ки аз интихобкунанда вобаста бошад, аз раиси ҷамоат, шаҳру ноҳия миннатдор аст, ки интихоби ӯро "таъмин" мекунад. Маълум аст, ки раиси ҷамоату шаҳру ноҳия низ аз пеши худ ба касе "кумак" намерасонад. Ҳатман аз каси дигари болотаре дастур ё супориш гирифтааст!

Ин ки дар қонунгузорӣ банде ворид кардаанд, то овози мардумро номзадҳо "нахаранд", ба замоне дахл дорад, ки дар Тоҷикистон то андозае тавозун мавҷуд буд ва овози мардум ҳам қадр дошт. Яъне, номзадҳои ҳатман серпул ва таъсиргузор барои одамон кадом корҳоеро анҷом медоданд ва, албатта, аз вакилӣ ҳадафҳои худро доштанд.

Вакили имрӯза касу мақоми дигарест ва ӯ тибқи қонун бояд як чеҳраи миллӣ бошад ва аз як ҳавза камтар вобастагӣ дорад. Ин дар қонун аст, ки онҳо танҳо барои таҳияи қонунҳо ба ҳамаи мардум интихоб мешаванд.

Дар асл, агар шумораи умумии қонунҳои воқеан нав таҳияшударо ҳисоб кунем ва ташаббуси қонунгузории онҳоро ба мизони тарозу баркашем, мебинем, ки 90 ва аз он бештари қонунҳоеанд, ки маҳз ҳукумат пешниҳод кардааст. Мазмун, ин гуна вакилон ба ин ҳукумат даркор!

Вакилон, ки низ ташаббуси қонунгузорӣ доранд, ангуштшуморанд. Барои ҳамин, баъзан вақт мегӯянд, ки порлумон дар Тоҷикистон "ҷойи истироҳат" аст, ё онҳоеро ба вакилӣ пешниҳод мекунанд, ки дар ҳукумат дигар ба онҳо зарурат нест.
Аммо баргардем ба мавзӯи худ, яъне мавқеву маънои ваъда дар Тоҷикистон. Ҳукумати марказӣ мегӯяд, ҳамон тавре дар паёми имсолаи худ президент Раҳмон ҳам гуфт, тақрибан ягон ваъдаи иҷронашуда надорад.

Гуфт, Роғунро месозем, аллакай ду агрегаташро ба истифода дод. Бигзор дар бораи ин ду агрегат баҳсҳои дигаре пеш омаданд ва баробари ба истифода додани онҳо арзиши истифодаи нерӯи барқ ҳам баланд шуд. Нерӯгоҳи Роғунро ҳоло барои он мисол овардем, ки дар интихоботи ҳозираи порлумонӣ ва президентии пешорӯ он эҳтимол барои ҳизби ҳоким “қартаи асосӣ” мешавад.

Ба ҳукумати марказӣ, вақте баҳсу баррасиҳои ҷиддӣ дар ҷомеа вуҷуд надоранд ва кори дурусту иштибоҳашро тақрибан касе ҷиддӣ таҳлил намекунад, гӯиё ҳама бовар мекунанд. Ҳатто вақте "ваъдаҳои дусола" медод. Ё вақте дар паёми ду сол қабл, президент аз боло рафтани маошу нафақа гуфту иҷро нашуд, касе эътироз ва ҳатто баҳс накард.

Хуб, гуфтем, ки ҳукумати марказӣ як "хатти сурх" дорад ва ба он дахл намекунанд. Аммо зинаҳои поин чӣ?

“Сад фоиз гунаҳкорам, Ҷаноби Олӣ!”

Биёед, аз ҷаласаҳои ҳукумат сар кунем, ки ваъдаҳои бисёр маҳз он ҷо дода мешаванд. Ҷаласаҳои ҳукумати Тоҷикистон ретсепти якхела доранд. Ин сӯҳбатҳои ҳукумати Медведев ё Путин бо вазиронаш нест, ки аз онҳо ҳам мардум ва ҳам роҳбаронашон чизе бигиранд. Ҷаласаҳои ҳукумати Тоҷикистон мисли имтиҳон мегузаранд. Имтиҳони, ҳатто мактаби олӣ не, мактаби миёна. Боз як фарқи дигар ҳам дорад. Як кас суол медиҳад, аммо ҳеч кас ҷавоб намегирад. На "муалллим" ва на дигарон…

Аҷобати дигар он аст, ки "дугирҳо" ҳам ба синфи дигар мегузаранд. Мисли мактабҳои замони истиқлол. Гӯиё хонандаи духон надорем! Кӣ шунидаст, ки солҳои охир кадом мактабхонро барои бад хонданаш аз як синф ба синфи дигар нагузаронда бошанд?

Ман нашунидаам. Аммо шунидам, ки чандеро барои иштирок накарданашон дар дарсҳо ба синфи дигар нагузаронидаанд. Дар "дарсҳои" ҳукуматӣ бошанд "ғоибҳо" нестанд. Ҳама ҳаст! Вале танҳо баъзе аз онҳо ҳарф зада метавонанд. Дар ин ҷо. Дар "мамлакатҳои" худашон (яъне идораи зери назораташон) бошад баръакс аст – танҳо онҳо гап мезананду халос…

Аз ин мебарояд, ки онҳо гап зада метавонанд!

Пас, сабаби дар ҷаласаҳо камгап шудани онҳо дар чист?

Аслан, тавре мегӯянд, онҳое хеле кам гап мезананд, ки то ҷое хеле оқилу доноанд, ё тамоман чизе намедонанд. Ҳастанд одамҳое, ки ба куҷое шитоб доранд ва гап задан барояшон мушкил пеш меорад. Зеро, тавре мегӯянд, "аз гап гап мебарояд" ва ин боиси ба "дарозо" кашидани сӯҳбат мешавад.

Ҷомеашиноси фаронсавӣ Пэр Бурде ин гуна одамонро, ки зуд ҷавоб медиҳанд, зери мафҳуми нав ҷо кардааст: Fast Thinking. Яъне одамоне, ки фаврӣ ба дилхоҳ суол посух медиҳанд. Онҳо фикр мекунанд, ки ба ҳар гунае, ки набошад бояд ба суолҳо посух дод.

Дуруст, нодуруст, мантиқӣ, ғайримантиқӣ…. ин муҳим нест. Ба фикри онҳо ин посухҳо барои як муддатанд. Гӯиё мардум хотира надорад ва ҳама чиро ба зудӣ фаромӯш мекунад.

Мисли fast food. Онро тез истеъмол мекуниву баъди чанде фаромӯш мекунӣ, ки ягон чиз хӯрда будӣ, ё не. Аммо ҳеч кадоме аз пазандагони ин навъи таом гуфта наметавонанд, ки муаллифи идеяи fast food онҳо бошанд. Таври маълум, он ретсепти кадом як ширкати амрикоист, ки барои аз кор дур нашудани одамон ба хотири хӯрокхӯрӣ ихтироъ намудааст.

Мансабдорони тоҷик ҳам мисли ҳамин як ретсепти муайяни посух доранд: "Хуб шудааст, Ҷаноби Олӣ!" Чанд сол пеш қолаби навтарро Муродалӣ Алимардон илова намуд: "Сад фоиз гунаҳкорам, Ҷаноби Олӣ!"

Тасаввур намоед, дар формати мавҷудаи ҳукумат ин посух ҳисоб меёбад ва гӯё ваъда ҳам бошад. Дар холе, ки дар кишвари пешрафта он як баҳо дорад – 2 ва натиҷааш – истеъфост!

Дар мо, онҳое ҳам ки "хуб шудааст" мегӯянд, фаҳмонида наметавонанд, ки барои чӣ ваъдаро иҷро карда метавонанд. Зеро аз онҳо касе намепурсад, ки метавонӣ ё не?
Ҳукм аст: "Мекунӣ, фаҳмо?!"

Масалан, ваъдаҳои мансабдорони моро ба хотир биёред ва супоришҳоеро, ки аз ҷумла зимни ироаи паёмҳои худ Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо дода буд. Кадоме аз онҳо иҷро шуданд?

Чанд сол пеш, раиси ҳукумат, ки дар Тоҷикистон низ президент аст, дар ҷаласаи солона изҳори нигаронӣ кард, ки баъзе аз қарорҳои муҳим дар поёни сол анҷом мегиранд. Ҳамон вақт гап дар бораи иқдоми бисёр муҳим, яъне таъсис додани минтақаҳои озоди иқтисодӣ мерафт. Яъне, масъулон эҳсос накардаанд, ки ин қарор чӣ қадар барои Тоҷикистон арзишманд аст.

Ҳоло, инак, мегӯянд, мо 5 ё 6 минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис додаем. Вале ба ғайр аз минтақаҳои озоди иқтисодии Данғараву Хуҷанд, ки то ҷое фаъоланд, ҳоло кадоме аз дигарашон ақаллан “ҷунбид”?

Бисёрии иншооти дигар ҳам ба ҳамин тариқ бунёд мешаванд: то супориши ваъдадодаи президент ва омадани ӯ.

Аммо ин иншоот пасон кор мекунад, ё не, гӯё касе кор надорад. Чанд сол пеш, “Азия Плюс” корхонаҳоеро ба баррасӣ гирифт, ки бо омадани Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият сар карданд ва чанде аз онҳо ҳоло фаъол аст. Як таносуби бисёр ҳузнангез пеш омада буд.

Зеро барои мансабдорон муҳимтар «иҷро шудани план» буд, то гап нашунаванд. Ва дар охири вақти ваъдагирифта онро бошитоб анҷом диҳанд. Зеро воқеан ҳам шитоб доранд …ба маҷлиси ҳукумат…барои хӯрдани макдоналс… ва гузаштан аз "имтиҳон"…

Онҳо аз имтиҳони мардум кай мегузаранд?

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG