Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як шахси зери "карантин" дар Тоҷикистон бо захмҳои шадид бистарӣ шудааст


Яке аз биноҳои бемористони Қарияи Боло
Яке аз биноҳои бемористони Қарияи Боло

Як корманди Академияи давлатии идоракунии назди президенти Тоҷикистон, ки дар истироҳатгоҳе дар ноҳияи Варзоб давраи "карантин"-ро пушти сар мекард, бо захмҳои шадиди корд дар бемористон бистарӣ карда шудааст. Дар ҳоле ки ин хабарро наздикони ӯ мерасонанд, мақомот аз шарҳи он худдорӣ мекунанд.

Наздикони Зоиршо Қодирови 35-сола мегӯянд, ҳодиса рӯзи 26-уми март рӯй дода, мақомот ба онҳо гуфтаанд, ки гӯё ӯ ба бадани худ чанд дафъа корд зада, аз ошёнаи севум сарозер шудааст.

Қодир Қодиров, падари Зоиршо Қодиров, рӯзи 28-уми март дар бемористони Қарияи Болои шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ин фарзия бовар надорад ва аз мақомот мехоҳад, ки "ҳодисаро мунсифона таҳқиқ карда, гунаҳкоронро ҷазо диҳанд".

"Чӣ хел одам ба бадани худ шаш корд мезанад ва боз аз ошёнаи севум ба замин мепартояд? Чӣ ҳодиса шудааст, бояд дақиқ карда, гунаҳкоронро ёбанд", - гуфт ӯ.

Зоиршо Қодиров
Зоиршо Қодиров

Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо гузашти ду рӯз аз ҳодиса расман дар ин бора хабар надодаанд. Намояндаи дафтари матбуоти вазорат рӯзи 28-уми март гуфт, "бале, чунин ҳодиса шудааст ва ВКД таҳқиқ дорад. Мунтазир ҳастем, каме вазъаш беҳбуд ёбад ва аз худаш фаҳмем, ки чӣ рух додааст."

Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, ки масъули "карантин"-и сокинон аст, дар шуъбаи эҳёгарӣ будани Зоиршо Қодировро тасдиқ карда, гуфтанд, "пизишкон барои сиҳат шудани ӯ ҳама кори мумкинро мекунанд".

Қодир Қодиров, падари Зоиршо Қодиров мегӯяд, баъд аз хабардор шудан аз ҳодиса ба таври фаврӣ аз ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон ба Душанбе омад ва рӯзи 28-уми март муфаттишон бо ӯ суҳбат кардаанд.

"Пизишкон гуфтанд, ки писарам ба худ омадааст, аммо феълан гап зада наметавонад. Муфаттишон мехоҳанд бо ӯ суҳбат карда, асли қазияро фаҳманд", - гуфт ӯ.

Ба нақли ӯ, ҳодиса дар рӯзе иттифоқ афтодааст, ки гӯё чанде аз ҳамкорони писараш ба аёдати ӯ ва кормандони дигари Академияи идоракунии давлатӣ ба Варзоб рафта будаанд. Маълум нест, оё онҳо бо якдигар вохӯрдаанд, ё не.

Зоиршо Қодиров, сардори яке аз кафедраҳои Академияи давлатии идоракунии назди президенти Тоҷикистонро баъди он ки яке аз ҳамкоронаш аз Олмон баргаштаву зуком шудааст, ба карантини чордаҳрӯза фиристодаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG