Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вирус Вуҳанро раҳо кард, гиребони Аврупову Амрикоро сар надодааст


Нақлиёти умумӣ дар Вуҳан ба кори маъмулӣ шурӯъ кард.
Нақлиёти умумӣ дар Вуҳан ба кори маъмулӣ шурӯъ кард.

Дар шаҳри Вуҳони Чин, ки пандемияи коронавируси нав аз онҷо оғоз ёфт, муқаррароти манъи равуоро комилан бардоштанд. Айни замон теъдоди қурбониёни бемории КОВИД-19 дар Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамчунон зиёд мешавад. Хотимаи маҳдудияти якмоҳаи равуо ва гаштугузор дар Вуҳон, маркази пайдоиши вирус, ки то кунун 82 ҳазор нафарро дар ҷаҳон куштааст, як нишонаи умедворкунанда ба ҳисоб меравад.

Аз тарафи дигар вирус ҳамчунон дар кишварҳои зиёде бедодгарӣ мекунад ва мардуми зиёдтарро мекушад. Бино ба омори расмӣ, коронавируси нав дар Вуҳон 50 ҳазор нафарро бемор кард ва аз ин миён 2500 нафарашон фавтидаанд. Вале мунтақидон мегӯянд, ҳукумати Чин рақамҳои воқеиро пинҳон доштааст ва матбуоти зери назари ҳукумат ҳам воқеиятро намегӯяд.

Дар Аврупо Борис Ҷонсон нахуствазири бемори Бритониё рӯзи дуввумашро дар шӯъбаи эҳёгарии шифохонае дар Лондон сипарӣ кард. Эдвард Аргар, вазири тандурустӣ гуфт, вазъи Борис Ҷонсон, ки аз бемории КОВИД-19 муолиҷа мегирад, “мӯътадил” ва “рӯҳияааш ҳам хуб аст”. Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинси Амрико, ки иттилоъ дар бораи сироят ва маргумир аз бемориро ҷамъ мекунад, гуфт, рӯзи 7-уми апрел дар Иёлоти Муттаҳида 1800 кас аз ин беморӣ фавтиданд. То кунун КОВИД-19 дар саросари ин кишвар ҷони тақрибан 13 ҳазор нафарро гирифтааст.

XS
SM
MD
LG