Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи овозхонҳои тоҷик ба ҳимоят аз пизишкон. ВИДЕО


Овозхонҳои тоҷик рӯзи 24-уми май консерти хайриявии онлайн баргузор карданд. Дар ин барнома Ҳасани Камол, Ҷонибеки Мурод, Валиҷон Азизов, Зайнура Пӯлодова, Меҳрнигори Рустам, рэпсаро Мастер Исмайл, ғижжакнавоз Ноҳид Зайналпур ва дигарон иштирок доштанд.

Барномаро дар инҷо тамошо кунед:

Аслишо Акимбеков, муҷрӣ ва яке аз созмондиҳандагони консерт, рӯзи 24-уми май гуфт, “консерт хурсандӣ дар миёнаи вабо нест, балки як иқдоми ҳамдардӣ ва рӯҳбаландкунанда барои табибон ва беморон аст”.

Созмони “Пешрафт”, яке аз ташаббускорон ва созмондиҳандаҳои консерти хайрия аст, ки то кунун дар шароити коронавирус ба садҳо хонаводаи эҳтиёҷманд дар Тоҷикистон бастаҳои хӯрокворӣ тақдим кардааст.

XS
SM
MD
LG