Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ашраф Ғанӣ ҷараёни озодкунии “то 2 ҳазор узви Толибон”-ро шурӯъ кард


24 май, Кобул. Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ мардуми кишварро бо иди Рамазон табрик мекунад
24 май, Кобул. Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ мардуми кишварро бо иди Рамазон табрик мекунад

Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ баъди истиқбол аз се рӯзи оташбас ба муносибати Иди Фитр гуфт, ки рӯзи 24 май озодкунии то 2 ҳазор Толибони зиндониро шурӯъ мекунад. Дар паёми идонааш ба мардум Ғанӣ гуфт, ки “ба унвони як ҳукумати бомасъулият мо як қадам ба пеш мегузорем ва ман эълон мекунам, ки ҷараёни озодсозии Толибони зиндониро суръат мебахшам”.

Ғанӣ инчунин аз Толибон хост, ки онҳо ҳам озод кардани аъзои нирӯҳои амниятиро вусъат бахшанд. Каме баъдтар сухангӯи президент Сиддиқ Сиддиқӣ гуфт, ки Ғанӣ ба унвони ҳусни ният ба озод кардани 2 ҳазор узви Толибон ташаббус кард.

Сиддиқӣ афзуд, ки ҳукумати Афғонистон “пешниҳоди сулҳро тамдид кард ва барои муваффақияти бештари ҷараёни сулҳ иқдомҳои дигар рӯи даст мегирад”.


Охири моҳи феврал ИМА ва Толибон созиши таърихии хатми ҷанг дар Афғонистонро имзо карданд. Ин таъхир берун шудани нирӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон ва иҷрои тааҳҳудот аз ҷониби Толибонро тақозо мекунад. Инчунин ин санад аз ҳукумат тақозо мекунад, ки 5000 узви Толибон ва 1000 узви нирӯҳои ҳукуматӣ аз ҳабс раҳо мешаванд.

Дар паи ин қарор аст музокироти миёни ҳукумати Кобул ва Толибон шурӯъ шавад. Толибон гуфтанд, ки аз 24 май оташбас ҷорӣ мешавад. Ғанӣ ҳам ба нирӯҳояш гуфт, ки ба оташбас эҳтиром гузоранд. Фиристодаи ИМА Залмай Халилзод гуфт, ки ин фурсати хуб барои зинда кардани ҷараёни сулҳи миёни ИМА ва Толибон мебошад.

XS
SM
MD
LG