Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Қирғизистон ҳушдор дод, ки бе ниқоб ба кӯча баромадан ҷавобгарӣ дорад


Бишкек, 25 май, 2020.
Бишкек, 25 май, 2020.

Қубодбек Боронов, муовини сарвазири Қирғизистон дар як ҷаласаи ҳукуматӣ гуфт, ки бидуни ниқоб ҳозир шудан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва нақлиёти умумӣ ҷавобгарӣ дар пай дорад.

Боронов афзуд, кормандони бехатарии марказҳои тиҷорӣ ва мағозаҳо масъулият доранд, ки риояи меъёрҳои беҳдоштиро аз сӯи муштариҳо ва кормандони ин муассисаҳо назорат кунанд.

"Сар аз 25-уми май бархе аз муассисаҳо дубора ба фаъолият пардохтанд, нақлиёт дар шаҳрҳо ба гардиш даромад. Кормандони мақомоти шаҳрҳо, роҳбарони муассисаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ вазифадоранд, ки барои иҷрошавии тавсияҳои вазорати тандурустӣ чораандешӣ кунанд. Шаҳрвандоне, ки бидуни ниқоб гашту гузор мекунанд, хатари паҳн кардани коронавирусро доранд. Аз ҳамин хотир, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ шаҳрвандон бояд ниқоб дошта бошанд", - гуфт вай.

Пештар аз ин шаҳрдории Бишкеки Қирғизистон хабар дода буд, ки 110 троллейбус, 112 автобус ва ҳудуди 900 микроавтобуси ҷамъиятӣ дар шаҳр ба гардиш даромадааст. Ин теъдод нақлиёт тақрибан 50% маҷмуи нақлиёти ҷамъиятии Бишкекро ташкил медиҳад. Мақомот талаб карданд, ки дар ҳар рафту омад дохили нақлиёти ҷамъиятӣ бо маҳлулҳои зидди уфунат шустушӯ шавад ва ронандаҳо танҳо мутобиқ ба адади курсиҳо мусофир гирад.

XS
SM
MD
LG