Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси собиқи пажӯҳишгоҳи стратегии назди президенти Узбекистон дар ҷосусӣ айбдор шуд


Рафиқ Сайфулинро аз афроди наздик ба Рустам Иноятов меноманд
Рафиқ Сайфулинро аз афроди наздик ба Рустам Иноятов меноманд

Додгоҳи ҳарбие дар Узбекистон рӯзи 25 май собиқ раиси Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди президенти Узбекистонро бо иттиҳоми “ҷосусӣ ба манфиати Русия” ба 12 соли зиндон маҳкум кард. Дар ин бора бо такя ба як ҳуқуқшинос бахши Узбекии Радиои Озодӣ хабар дод. Рафиқ Сайфулини 61-сола гуноҳашро қисман эътироф кард. Ҳуқуқшиносе, ки нахост номаш нашр шавад, гуфт, Сайфулин гуфтааст, ки бархе маводи таҳлилиро дар ихтиёри Русия қарор медод, вале ин мавод санад ваё маълумоти махфӣ неву таҳлилӣ буд. Як мақоми баландпоя дар вазорати умури дохилии Узбекистон гуфт, ки Рафиқ Сайфулин дар “ҷосусӣ ба манфиати Русия” ва “фош кардани сирри давлатӣ” гунаҳгор дониста шуд. Маълум нест, ки оё маҳкумшуда аз болои қарори додгоҳ ба зинаи болоӣ шикоят мекунад ё на. Рафиқ Сайфулин корро даврони шӯравӣ дар КГБ сар карда, забонҳои форсӣ, пушту ва дариро медонад. Баъди истиқлолият, дар солҳои 1994-95 дар кумитаи давлатии пешбиниву омори кабинаи вазирони Узбекистон кор кардааст. Дертар раҳбарии пажӯҳишгоҳи стратегиро ба ӯҳда гирифт. Ӯро аз афроди наздик ба собиқ раиси Хадамоти амнияти миллии Узбекистон Рустам Иноятов меноманд.

XS
SM
MD
LG